ЛИБОС-МУАРРИФИ МИЛЛАТ. Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи либосҳои миллӣ-тавсиявӣ доир гардид

Март 18, 2024 11:11

ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ вобаста ба таҳияи лоиҳаи либосҳои миллӣ-тавсиявӣ бо назардошти арзишҳои миллӣ баргузор гардид. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки имрӯз ба либоси бегона гаравидани  занону духтарони тоҷик хеле зиёд ба назар мерасад, ки ин боиси нигаронии ҷомеа мебошад.

Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузоранд ва аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.

Тавре 9 марти имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулини мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон ва ходимони дин иброз намуданд, «бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангӣ аст, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад». Сарвари давлат ҳамзамон дар суханрониашон Кумитаи кор бо занон ва оиларо вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳони ватанӣ тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод намоянд.

Бояд гуфт, ки таҳияи либоси тавсиявӣ-миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат ва пос доштану эҳтиром намудани рукну рамзҳои миллӣ муфид мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо  мақсади риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ соли 2018 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид, ки мураттибони он Дилшод Раҳимов, Хуршед Низомов ва Муъмина Шовалиева мебошанд. Дастурамали мазкур, ки   хусусияти тавсиявӣ дорад нашр шуда,  ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод гардид. Ин дастурамал  бо мақсади танзими тарзи либоспӯшии миллӣ таҳия гардидааст.

Дар бахши ёздаҳуми дастурамали соли 2018 чунин омадааст: «Барои духтарон ва занон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдоман (миниюбка), деколте, топик, куртаҳои нафису  тунук, ки баданро намоён мекунанд, ҳамчунин  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯш, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастаи бадан намоён мешаванд, либосҳо, ки аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шудаанду ба саломатӣ зарар доранд, тавсия дода намешавад».

Ин иқдом ба он хотир гирифта шуд, ки ба бар намудани либоси тавсиявӣ-миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат муҳим ва масъулият мебошад.

Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакати мо паст менамояд. Волидайн ва тамоми ниҳодҳое, ки ба ин масъала вобастаанд, дар ҳамбастагӣ амал намуда, метавонанд дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ ва нуфузи Тоҷикистонро ҳифз намоянд.


Дастурамали мазкур бо мақсади ташвиқи либосҳои миллӣ  таҳия гардида, Вазорати фарҳанг ва сохторҳои он дар маҳал якҷо бо  кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо,  шаҳру  ноҳияҳо ба амалӣ шудани он  мусоидат менамоянд.

Бояд гуфт, ки тоҷикон давоми асрҳо офаридаҳои фарҳанги моддию ғайримоддиашонро аз насл ба насл ба мерос мегузоранд.  Аз сарчашмаҳои таърихие, ки оид ба фарҳанги либоспӯшии мардуми тоҷик маълумот медиҳанд, бармеояд, ки тарзу намуди либоспӯшии занони тоҷик дар давраҳои гуногун вобаста ба тақозои замон, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва идеологӣ инкишоф ёфтааст.

Дар шароити кунунӣ бо таъсири пешрафти техника ва технология, рушди истеҳсолот ва раванди ҷаҳонишавӣ дар анъанаҳои миллии либоспӯшӣ дигаргуниҳо ворид гардиданд.  Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни мулоқоту суханрониҳо таъкид менамоянд, ки бояд асолати суннатии фарҳанги либоспӯшии мардуми тоҷик нигоҳ дошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру супоришҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва ҳамзамон гузаронидани корҳои ободонию созандагӣ шуруъ аз 1 март то 31 май дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» амалӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки ин иқдом ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад, зеро оламиён миллати тоҷикро бо фарҳанги хоси шарқиёна мешиносанду эҳтиром менамоянд.

Волидайн ва тамоми ниҳодҳое, ки ба ин масъала вобаста мебошанд, дар ҳамбастагӣ амал намуда, метавонанд дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ ва нуфузи Тоҷикистонро ҳифз намоянд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 18, 2024 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Доир ба иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон осори қадимии таърихии 150-ҳазорсола дарёфт гардид
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲОМИИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонону забоншиносон доир шуд