МАВҚЕИ ДИН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба натиҷаҳои вохӯрии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин
ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуда, дар ҷараёни он ба масъулин оид ба рафъи хурофотпарастӣ супоришҳои мушаххас доданд. Дар ҷараёни ин вохӯрӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фикрҳои нав иброз дошта, ходимони динро даъват намуданд, ки дар фаъолияташон ба масъалаи гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Пешвои миллат муносибати сиёсати давлатро ба дину оиндорӣ ва омилҳои пайдо гардидани тундгароӣ баррасӣ намуда, баён доштанд, ки «имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин — дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд. Вале бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии дорои хусусияти динӣ ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил меёбад. Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳайси мамлакати ташаббускору созанда ва муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ дорем».
Пайдо шудани зуҳуроти хурофотпарастӣ дар чунин шароит ба ҳеҷ вачҳ ба обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва дохилӣ мусоидат намекунад ва баръакс, ба ҷомеаи муосир ва раванди инкишофи устувори он зарар мерасонад. Дар ин самт ҷавонон қисми осебпазир маҳсуб мешаванд, зеро аз надоштани таҷриба зуд ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Бинобар ҳамин устодони донишгоҳҳоро зарур аст, ки моҳияти манфии фаъолияти гурӯҳҳои ифротгароро ба ҷавонон фаҳмонанд ва ин равандро бартараф намоянд.
Чуноне ки зимни суханронии Пешвои миллат дар ин вохӯрӣ иброз гардид, дар Тоҷикистон бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, аммо «дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва суиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва суиқасд ба он пешгирӣ гардидааст».
Ҷавонони тоҷик фирефтаи гурӯҳҳои экстремистӣ шуда, дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ба манфиати бегонагон кушта мешаванд ё беному нишон мегарданд. Қисми ҷавонони мо аз тарафи ифротгароён бо баҳонаи таҳсил ба ҳаракатҳои террористӣ ҷалб мегарданд. Бинобар ҳамин таҳсили ҷавонони мо дар хориҷа барои ҷомеа проблемаи асосӣ мебошад, зеро таълими баъзе мадрасаҳои хориҷӣ мухолифи мазҳабҳои анъанавии Тоҷикистон мебошад.
Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, «шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманона ворид месозанд. Чунончи, намояндагони равияи «Салафия» ба мазҳаби ҳанафӣ ва асосгузори он Имом Абӯҳанифа назари манфӣ ва ба исмоилия, ки мазҳаби таърихии як қисми аҳолии бумии мамлакат мебошад, муносибати хеле хусуматомез доранд. Пайравони равияи «Салафия» ақидаҳои намояндагони дигар мазҳабҳоро инкор ва онҳоро ба куфр маҳкум намуда, дар ин замина ихтилофи байнимазҳабиро дар байни мусулмонон тезу тунд менамоянд. Қобили тазаккур аст, ки аксари шахсони ба «Давлати исломӣ» ва дигар ташкилоти экстремистиву террористӣ ҳамроҳшуда пайравони таълимоти «Салафия» мебошанд. Аз ин лиҳоз, бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ин равия экстремистиву террористӣ эълон шуда, фаъолияти он дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар давраи аз соли 2015 инҷониб зиёда аз 2300 шаҳрванди мамлакат ба ин равия ҳамроҳ гардида, оид ба ин ҳолатҳо 1945 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст».
Бо назардошти масъалаҳое, ки зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин баён шуданд, зарур аст, ки барномаи дарсҳои таълимӣ ва тарбиявиро ҳамчун раванди муқовимат бо зуҳуроти манфии хурофотпарастӣ ва ифротӣ истифода намуда, шуури ҷамъиятии сатҳи пешқадам рӯи кор оварем, то дар он манфиати дин, миллат ва давлат ба самти ободии Тоҷикистон яксон равона бошад.
Юсуф САИДАСАНОВ,
номзади илмҳои таърих,
мудири кафедраи таърих ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ
АКС: АМИТ «Ховар»/бойгонии муаллиф








РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид






