МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус

Март 24, 2024 13:29

ДУШАНБЕ, 24.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Агар гӯем, аз миёни ҳамаи идҳои маросимие, ки мардуми мо доранд, беҳтарин ва дилангезтаринаш иди Наврӯз аст, иштибоҳ нахоҳад буд. Сабаби чунин ҳол на фақат дар қадимӣ будани он аст, балки, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ид бо худ равшанӣ, тароват, сафо, гармӣ, шодӣ ва  хуррамии бештаре меорад. Мегӯянд, иди Наврӯзро қабл аз оғози таърих гузаштагони мо бунёд ниҳодаанд. Ҳатто дақиқ муайян намудан душвор аст, ки дар замони ба расмият даровардани ҷашни Наврӯз ниёкони моро оину кешу мазҳаб чӣ будааст. Иди Наврӯз оинҳои зиёде, чун меҳрпарастиву зартуштияву ғайраву ҳоказоро паси сар гузошта, то замони мо расидааст. Давоми  асрҳои зиёд Наврӯз эътибори худро аз даст надодааст. Сабаби асосии гиромидошти ин ид, қабл аз ҳама, дар пайванди ногусастании он бо табиат ва руҳу равони одамӣ аст. Иди Наврӯз бо зиндашавии табиат ва ҳар он чӣ дар он аст, бастагии мустаҳкам дорад. Иди Наврӯз муждаи баҳор меорад, он оғози ҳаракат, кишту кор ва умуман, навшавиҳо аст. Табиат нав мешавад, ҳамаи ҷонварон аз карахтӣ ба ҷунбу ҷӯл меоянд. Тавре Манучеҳрӣ мегӯяд:

Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод!

Ба қавли Рӯдакӣ /дар шеъри “Он саҳни чаман…”/ табиат “монавитабъ” мешавад ва атроф пурнақшу нигор ҳамчу “Аржанг”-и Монӣ рангобаранг мегардад.  Аз он дилҳои пиру барно ба хурӯш меояд. Ҳамин асл аст, ки ситоиши Наврӯз ва бастагиҳое бар он дар адабиёти куҳанбунёди мо мавқеияти шохисе касб намудааст. Шоирони мо дар гузашта, сарфи назар аз доштани дидгоҳҳои гуногуни маърифатӣ ва фикрӣ (дунявӣ, динӣ-мазҳабӣ, фалсафӣ, тасаввуфӣ…), дар ашъорашон мазмунҳои мутанаввеъи наврӯзиро сутуда, онро зинда нигаҳ доштаанд

Ҳанӯз шоирони арабизабони тоҷики аҳди шуубия (асрҳои VIII-IX), аз қабили Абўнувоси Аҳвозӣ, Ибни Муътаз ва дигарон Наврӯзро сутудаанд, ки чунин равиш реша дар анъаноти куҳани шеъри форсии қадим дошт. Худи ҷашни Наврӯз аз даврони бостон робитаи мустаҳкам бо русуми қадимии кишоварзӣ доштааст. Таҷлили ин ҷашн дар дарбори хулафои аббосӣ низ ба ҳукми анъана даромада буд. Дар шеърҳои ба Наврӯз бахшидаи худ шоирони арабизабон манзараҳои табиати фусункори баҳорро бо ҳазор  рангу бӯйи хушаш ба тасвир кашидаанд.  Он ҳама шеърҳо ифодакунандаи шодиву фараҳ буда, дар онҳо ғанимат донистани зебоиҳои даргузари табиат ва ҳаёт талқин шудаанд. Шоирони форсигӯйи мо дар асри X  на танҳо аз ин анъана пайравӣ карданд, балки бар он ривоҷи бештаре доданд, зеро дар дарбори амирони Оли Сомон таҷлили Наврӯз ҳамчун унсури расмии ҷашни тақвимӣ устувор боқӣ монд. Ин вижагиро аз ашъори Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ ва ҳамчунин шоирони аҳди ғазнавӣ, ки аксар дарборӣ буданд, пай бурдан мумкин аст. Чунончи, Рӯдакӣ дар як шеъраш ба ҷашни Наврӯз чунин ишора менамояд:

Чун сипарам, на миёни базм ба Наврӯз,
Дар маҳи баҳман битозу ҷони адӯ сӯз.
Боз ту беранҷ бошу ҷони ту хуррам,
Бо найу бо руду бо набизи Фанорӯз.

Аз ин шеъри Рӯдакӣ чунин бармеояд, ки дар замони ӯ ҳангоми иди Наврӯз дар дарбор (ва на танҳо дар дарборҳо) базмҳои бузург барпо мекардаанд. Шоир мегӯяд, ҳоло ки дар миёни базми наврӯзӣ нестӣ, ҷои хушӣ нест. Дар моҳи баҳман (феврал) қарор дорӣ ва ҳанӯз фасли сармо асту вақти мубориза бо адӯ аст. Замоне  ки пирӯз бадар омадӣ, дар ҷашни Наврӯз осуда менишинӣ ва бо найу руду майи  равшан вақти худро хушу хуррам ва осуда хоҳӣ гузаронд.

Дар тасаввури қадимиён гармию рӯшании баҳор дар асорати ҷаҳон мемонду ҷон мебохт ва дар Наврӯз аз нав зода мешуду нишот меовард /Ин маъниро Манучеҳрӣ хуб баён кардааст: Боз ҷаҳон хурраму хуб истод, Мурд зимистону баҳорон бизод. Маънии нопадид шудан (мурдан) ва аз нав падид омадан (зинда шудан) дар ҳаёти маънавии мардуми мо асосҳои хеле бостонии асотирӣ дошт ва ин чиз дар оинҳои наврӯзӣ боқӣ мондааст. Муҳаққиқи рус М.Л.Рейснер ҳамин маъниро хеле муваффақона дар қисмати насиби қасидаи “Модари май”-и  Рӯдакӣ ба мушоҳида гирифта, таҳқиқ намудааст. Ин ҳамон маънии қурбон  шудани ток (модари май) ва дар зиндон (хум) асир мондани оби ангур (бачаи ток) ва боз аз нав дар шакли майи “соф” бо “бӯйи гули сурх” ва “мушку анбар” (таъбирҳои Рӯдакӣ) эҳё  шудани он аст.

Пас аз Рӯдакӣ аз ҷумлаи шоирони бузург Фирдавсӣ рӯйи кор омадааст. Ӯ, ки сарояндаи ҳамосаи миллии мардумони эронитабор аст,  садҳо бор аз Наврӯз ёд мекунад. Дар биниши Фирдавсӣ низ сифати асосии Наврӯз равшанӣ ва пирӯзӣ бар тирагиҳо аст. Чунончи, тибқи фармудаи худаш қабл аз оғози назми достони “Бежан ва Манижа” ҳангоми шаб вай ҳамсарашро назди худ мехонад ва аз ӯ шамъу чанг ва соири асбоби тарабро хоҳиш мекунад, ки биёрад, то бо хушиву фараҳ дилашро даме равшан созад. Шоир пас аз он баросуда мегӯяд:

Дилам бар ҳама ком пирӯз кард,
Ки бар ман шаби тира Наврӯз кард.

Фирдавсӣ дар иртиботи мазмунҳои наврӯзӣ матолиби дуогунаи зиёд дорад, ки аз номи қаҳрамонони “Шоҳнома” дар суратҳои гуногун бисёр иброз мекунад. Аз ҷумла, дар “Достони Фуруд” аз номи Тӯс ба Фарибурз мегӯяд:

Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!

Дар “Достони Рустам ва Исфандиёр” Рустам  ба умеди аз дили Исфандиёр зудудани хоҳиши ҷанги бемаънӣ сифатҳои паҳлавонию ҷавонмардии ӯро ситуда нидо мекунад:

Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Шабони сияҳ бар ту Наврӯз бод!

Доир ба заминаҳои падид омадани ҷашни Наврӯз ва хосиятҳои он дар рисолаҳои илмии гузаштагони мо низ суханҳои бисёр рафтааст. Чунончи, Абӯрайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия”, Умари Хайём дар асаре, ки бар ӯ нисбат медиҳанд, яъне “Наврӯзнома” суханҳое гуфтаанд, ки ҳоло аксарият аз онҳо огаҳӣ доранд.

Шоирони аҳди классикии мо низ ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ карда ва дар ин бора суханҳои дақиқ иброз намудаанд. Масалан, Анварии Абевардӣ дар ташбиби як қасидааш мефармояд:

Боз ин чи ҷавонию ҷамол аст ҷаҳонро
В-ин ҳол, ки нав гашт заминрову замонро?!
Миқдори шаб аз рӯз фузун буду бадал шуд,
Ноқис ҳама инро шуду зоид ҳама онро.

Анварӣ зикри онро мекунад, ки бо омадани Наврӯз ҷаҳони пир аз нав ҷавон гашта ва ҳусну таровати нав пайдо кардааст. Замину замон дубора эҳё шудааст. То омадани Наврӯз давомнокии шаб нисбат ба рӯз бештар буд ва акнун замони имтидоди шабу рӯз на танҳо баробар, балки рӯз бар шаб чира шудааст. Ин чунин маънии устуравӣ дорад, ки рӯшноӣ бар торикӣ пирӯз гаштааст. Ба иборати дигар, ҳукмронии шаб ва лашкари бадкори шаб бар дунё мағлуб шуда, рӯшноию некӣ, шодию фараҳмандӣ ва манишу кунишҳои хубу зиндагиофар ҷойи онро гирифтааст. Аз ин рӯ, шоир Наврӯзро фархундаву хуҷаста  меҳисобад ва бино бар заминаҳои баршумурдашуда он иди ҳамагонӣ ва шоистаи ҷашну базму тараб дониста мешавад.

Шоирон дар наврӯзиёти худ ба образи “боди наврӯзӣ” аҳамияти хос додаанд ва вазидани онро чун сарчашмаи бедор шудани набототу шукуфтани анвои гулҳо ва ба наво омадани парандагон шинохта, манзараҳои дилрабои баҳорро рангобаранг тасвир намудаанд. Таваҷҷуҳ кунед ба порае аз тағаззули зебои шоири тавоно Манучеҳрӣ, ки  гуфтааст:

Боди наврӯзӣ  ҳаме дар бӯстон соҳир шавад,
То ба сеҳраш дидаи ҳар гулбуне  нозир шавад.
Гул ба шаб соҳир шавад, пажмурда гардад бомдод
В-ин гули пажмурда чун соҳир шавад, зоҳир шавад.
Зардгул бемор гардад, фохта беморпурс,
Ёсамин абдол гардад, хурдмо зоир шавад…
Булбули ширинзабон бар ҷавзбун ровӣ шавад,
Зандбофи зандхон бар бедбун шоир шавад…

Ҳамчунин,  дар ин бобат дақиқназарии Анвариро шоҳид ҳастем:

Боди наврӯз саҳаргаҳ чу ба бустон бигузашт,
Гули садбарг бурун раст зи перомуни хор.
Чарбдастии фалак бин ту, ки бе хомаву ранг
Кард атрофи чаманро ҳама пурнақшу нигор…

Тасвири навбаҳор, ки рамзи асосии Наврӯз аст, дар наврӯзиёти шоирони мо ҷойгоҳи хос дорад. Дар амри ба намоиш гузоштани гӯшаҳои табиати афсункори баҳор аз ҳамаи шоирон Манучеҳрӣ гӯйи сабқат бурдааст. Аз анбӯҳи баҳорияҳои шоир як пораеро боз зайлан  намуна меорем:

Навбаҳор омаду овард гулу ёсумано,
Боғ ҳамчун Табату роғ ба сони Адано.
Осмон хайма зад аз байраму дебои кабуд,
Мехи он хайма ситоки суману настарано.
Бӯстон гӯӣ, ки бутхонаи Фархор шудаст,
Мурғакон чун шаману гулбунакон чун васано…
Кабк ноқусзану шорак сантӯрзан аст,
Фохта нойзану бат шуда танбӯрзано (5: 1).

Бо мурури замон  ҳакимони суханвари мо, ба монанди Носири Хусрав, Низомӣ, Саноӣ ва махсусан Умари Хайём, ба мазмунҳои наврӯзӣ либоси фалсафӣ пӯшонидаанд. Чунончи, Хайём дар рубоии зер андешаи буду набуду қилу қоли зиндагиро як сӯ гузошта, аз имрӯзи худ сухан кардан ва аз он баҳра бардоштан, яъне аз фалсафаи масарратро бо урфи наврӯзӣ пайвастан рубоиҳои бисёр гуфтааст, ки  ин ҷо якеро намуна меорем:

Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯйи дилафрӯз хуш аст.
Аз дӣ, ки гузашт, ҳар чи гӯӣ, хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст!

Ҷойи гуфтан аст, ки бо ворид шудани тасаввуф ва ривоҷи он дар шеъри тоҷикӣ-форсӣ тасвирҳои наврӯзӣ қатъ нагардид, балки онҳо бо мазмунҳои тасаввуфӣ-ирфонӣ даромехта шуданд. Чунин корро шоирони орифманиши мо — Шайх Аттор, Ҷалолуддини Румӣ, Авҳадии Мароғаӣ, Амир Ҳусайнии Ҳиравӣ, Ҳофиз ва бисёр дигарон анҷом додаанд. Дар иртибот ба ин мавзӯъ  ба ин ғазали Мавлонои Рум таваҷҷуҳ  фармоед:

Имрӯз ҷамоли ту бар дида муборак бод,
Бар мо ҳаваси тоза печида муборак бод.
Хубон чу рухат дида, афтодаву лағзида,
Дил  бар дари  ин  хона лағзида муборак бод.
Наврӯзи рухат дидам, хуш ашк биборидам,
Наврӯзу чунин борон борида муборак бод!

Аз шоирони дигари баъдӣ Камоли Хуҷандӣ аст, ки  низ дар бархе ғазалҳояш маъниҳои наврӯзиро бо андешаҳои тасаввуфии худ печонидааст:

Бод гулбез шуду бар сари гул жола чакид,
Об дар ҷӯю зи перомуни ҷӯ сабза дамид.
Гул зи рух пардаву наргис ба чаман чашм кушод,
Сарви шамшод қаду мурғи чаман нола кашид.
Хуррам он дил, ки баҳорон пайи тартиби димоғ
Бонги мурғи чаману бӯи гули тоза шунид.
Бод сӯйи чаман омад, ки диҳад мужда, ки  боз
Гул ба бустону ба гул меваи мақсуд расид.

Ё дар ғазали дигар Камол мегӯяд:

Боз гул доман ба дасти ошиқони худ ниҳод,
Ғунча лаб бикшуду булбулро ба боғ овоз дод.
Абр дур(р)ҳои Адан пеши гулу савсан кашид,
Бод дарҳои чаман бар рӯйи гулбӯён кушод.
Сарви мо бар кард ногаҳ сар зи саҳни бӯстон,
Пеши ӯ ҳар ҷо дарахте буд, бар  по истод…

Саъдии ширинсухан иди Наврӯз ва зебоиҳои онро низ тобеъи мавзуи ахлоқ намуда, инсонҳоро дар ин ҷаҳони гузарон ба некӣ ва накӯкорӣ даъват намудааст. Чунончи, дар дар ин ғазал:

Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бодат  ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз!
Чу оташ дар дарахт афканд гулнор,
Дигар манқал манеҳ, оташ маяфрӯз!
Баҳоре хуррам  аст, эй гул, куҷоӣ?
Ки бинӣ булбулонро нолаву сӯз.
Ҷаҳон бе мо басе будасту бошад,
Бародар, ҷуз накӯномӣ маяндӯз.
Накӯӣ кун, ки давлат бинӣ аз бахт,
Мабар фармони бадгӯи бадомӯз!
Манеҳ дил бар сарои умр, Саъдӣ,
Ки бар гунбад нахоҳад монд ин кӯз.

Дар ҳар сурат, аз гуфтаҳои боло чунин бармеояд, ки мазмунҳои наврӯзӣ  шуруъ аз саргаҳи шеъри тоҷикӣ-форсӣ то охирин давраҳои назми классикии мо дар шеър ҷойгоҳи муҳим доштааст ва ангезаи асосии бар ситоиши ин ҷашн  даст задани шоирон худи Наврӯзи дилафрӯз будааст. Шоирон бо истифода аз он мардумро ба иттиҳоду ягонагӣ, аз дил бурун кардани ғаму кудуратҳо, умед бастан ба ояндаи дурахшон, баҳра бардоштан аз зебоиҳои ҳаёт, худро аз нав сохтан, некхоҳу накӯкор будан ва касби соири  авсофи писандида даъват намудаанд.

Бадриддин МАҚСУДЗОДА,
адабиётшинос, доктори илми филология,
профессор

АКС аз бойгонӣ

Март 24, 2024 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд