Мунира Абдусаломова ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 роҳхат гирифт

Март 18, 2024 11:58

ДУШАНБЕ, 18.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таэквондо дар қораи Осиё дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он варзишгарбонуи тоҷик Мунира Абдусаломова дар вазни +67 кг роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро ба даст овард. Мунира дар рӯзи дуюми мусобиқаи интихобӣ дар Чин бар намояндагони Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қазоқистон пирӯз гашта, ба финал баромад ва роҳхати олимпӣ гирифт. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин чорумин роҳхати олимпии варзишгарони тоҷик мебошад. Қаблан Миҷгона Самадова, Давлат Болтаев ва Баҳодур Усмонов дар намуди бокс роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст оварда буданд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми мусобиқа таэквондочиёни тоҷик Муҳаммадҷон Суннатов дар вазни то 68 кг ва Моҳру Ҳалимова дар вазни то 67 кг дар даври аввали мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таэквондо дар қораи Осиё мағлуб гардида, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд.

Аз ҷониби Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 3 варзишгар – Муҳаммадҷон Суннатов дар вазни то 68кг, Моҳру Ҳалимова дар вазни то 67кг ва Мунира Абдусаломова дар вазни +67кг барои иштирок ба мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб гардида буд.

Варзишгарон дар ҳашт вазн – 4 вазн байни мардҳо ва 4 вазн байни духтарон барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 талош намуданд. Тибқи низомнома, дар ҳамаи вазнҳо ду роҳхат дода шуд. Яъне варзишгароне, ки ба финал мебароянд, имкони ширкат дар Бозиҳои олимпиро пайдо менамоянд.

АКС аз сомонаҳои боз

Март 18, 2024 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд