Нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи озмун баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ, аъзои комиссия ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз муовини Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври якум ва дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 бояд тамоми тадбирҳо андешида шаванд.
Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа доир ба мушкилот ва камбудиҳои зимни баргузории озмун ҷойдошта фикру ақидаҳояшро баён намуданд.
Дар фарҷом ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






