НАВРӮЗ-ҲИДОЯТГАРИ ИНСОНИЯТ БА ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТА ВА БУНЁДКОРӢ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин маврид

Март 21, 2024 10:29

ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯзи шукуфон, Наврӯзи пурфазилату пурмаърифат, Наврӯзи созандаи  тоҷикон бори дигар бо ҳадафҳои волои инсониву башарӣ, бо бунёди неку хайрхоҳонааш инсониятро ба ҳамзистии осоишта, созандагиву бунёдкорӣ, сулҳу маърифат, покиву озодагӣ, ҳифзи табиат, шодиву сурур, хушбахтиву ягонагӣ раҳнамо мебошад.

Беҳуда нест, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифтаву ҷаҳонӣ гардид. Зеро яке аз ҳадафҳои волои  Наврӯзи мо ҳидояти башарият ба сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат, яъне ба хушбахтии инсонҳо дар рӯйи Замин мебошад. Чунин изҳори назар намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзури хонандагон мегарданд.

— Агар мо хоҳем ба симои маънавии миллати соҳибхираду соҳибтамаддунамон таҷассуми бадеӣ бубахшем, тамоми фазилату наҷобату ҷавонмардӣ, илму маърифат ва фарҳанги сутургашро таҷассум намоем, дур рафтан шарт нест, зеро симои неки маънавии миллати мо бо тамоми хуҷастагӣ дар маросиму ойину суннатҳои халқамон инъикоси дурахшон ёфтааст. Як назар ва мушоҳидае  ба маросиму суннатҳои мо кофӣ аст, ки мо дурахши ин маънавиётро бо ҳама хуҷастагиҳояш бубинем.

Гумон мекунам, ки маҳз ҳамин ойину суннатҳо ва маросими бузургу дурахшони миллии мо муҳофизи  сиришти таърихии халқамон, фарҳанги бузурги ӯ ва сипари ҷисму ҷонаш будаанд. Зеро ин ойину суннатҳо  зуҳуроти одӣ нестанд, онҳо танҳо намои зоҳирӣ надоранд, балки бештар аз намои зоҳирияшон умқ дар умқ аз маърифату фарҳанги бузургу баланди инсонӣ иборат мебошанд. Дар ин дунёи муборизаҳои ҷоннисорона, дар ин таърихи хунини арзи ҳастии одамизод агар як зумра халқҳо бо зӯри силоҳу набардҳои хунин худро пойдор дошта бошанд, миллати мо бо илму адаб ва фарҳангу фазилат, ки  хосса дар ҳамин маросиму суннатҳои баланди неки инсониву башарӣ маҳфуз ҳастанд,  пирӯзӣ ба даст овардаву  пойдор мондааст.

Бубинед, чаҳор маросими миллии мо, ки аз оғози таърихи башар арзи вуҷуд намудаанд: Садаву Меҳргону Тиргон ва Наврӯз чун чаҳор унсури ҳастӣ, чаҳор сутуни пойдори мавҷудияти миллати мо будаанд, ки бо шарофати онҳо кохи шаъну эътибори миллати мо бо вуҷуди ҳама тохту тозҳои хунини аҷнабиён пойдор мондааст. Ҳол он ки илова бар ин  чаҳор маросими бузург  даҳҳо суннату ойинҳои хуҷастаи дигар, ки ҳосили завқу закои халқи некманиш ва эҷодкори мо мебошанд, низ маҳфуздорандаи маънавиёти бузург ва ҳастии бегазанди миллати мо будаанд.

Дар байни ин маросим мавқеи хоссаи худро доштани Наврӯз бебаҳс аст, зеро маҳз Наврӯз давоми таърих илму маърифату фазилату одоб, ҳунармандиву эҷодкорӣ, родмардиву хайрхоҳӣ ва дигар сифатҳои неку хуҷастаи  халқи моро маҳфуз доштааст. Ҳар суннати Наврӯз намои некиву ҷавонмардӣ, озодагиву хайрхоҳиву инсонпарварӣ ва фарҳангу ҳунари воло аст.

Ин ки тамоми маросим ва ойинҳои миллии мо, аз ҷумла ҷашни Наврӯз рӯ ба рӯшноиву гармӣ овардаанду убур аз торикиву  сардӣ менамоянд, ҳадафҳои неку рӯшани ин миллатро ифода менамоянд.  Зеро Наврӯз  ҳамон рӯзе аст, ки рӯзу шаб баробар мешаванд ва аз он пас равшании ҳар рӯз афзунтар мегардаду гармӣ бештар.   Ва  ин хеле рамзӣ аст, яъне Наврӯз моро ба сӯи гармиву рӯшноиҳо мебарад, ҳарчи дуртар аз торикӣ, афсурдагӣ, ғубору сиёҳиҳо.

Наврӯз ва тамоми суннатҳои Наврӯз намунаи баланди одобу маърифат ва некиву ҷавонмардӣ, хайрхоҳӣ, сулҳу нишот ва хушбахтии одамизод мебошанд. Аз тоза кардан, покиза доштани хона, атроф ва хусусан сиришти худ оғоз ёфтани ҷашни Наврӯз аллакай ҳадафи покизакории онро нишон медиҳад. Аммо ин покизакории танҳо зоҳирӣ нест, дар рӯзи Наврӯз инсонҳо аввалан бояд ниҳоди худро аз ҳама гуна андешаҳои бад, хотироти бад тоза кунанду дилашонро аз кинаву адоват озод намоянд.

Суннати дигари Наврӯз даст кашидан аз маводу асбоби кӯҳна, аз хона бароварда партофтани асбоби шикаставу фарсуда аст, ки низ намои навҷӯиву тозаҷӯиҳо буда, боз як сифати хуҷастаи халқи моро нишон медиҳад, яъне ҳамеша дар андешаи тозакориву пешравиҳо будан.

Бубинед, Наврӯзи мо  саросар намунаи фарҳанги бузургу маънавиёту одоби баланди инсонӣ аст. Аввалин иқдоме, ки дар Наврӯз пеш гирифта мешавад, рафтан ба зиёрати оромгоҳҳо, зиёрати арвоҳи гузаштагон аст. Зиёрати оромгоҳҳо низ қоидаҳо дорад. Нахуст, оромгоҳро бояд пайваста тоза нигоҳ дошт. Сипас, баробари ворид шудан ба оромгоҳ салом ба руҳи гузаштагон бояд дод. Дуюм, дар қабристон овоз баланд набояд кард, ба рӯи қубур пой набояд гузошт, оби даҳон набояд андохт ва ғайраву ғайраҳо, ки намои озодагӣ ҳастанд. Бубинед, ҳатто дар қабристон одоби баланди инсонӣ риоя мешавад ва ин далели фазилати баланди миллии мардуми мо аст.

Дар байни миллати мо, дар таърихи фарҳанги мо ҳар расму ойин, ҳар рафтору гуфтор- аз пӯшидани либос то хӯрдани таом, аз рафтан ба меҳмонӣ то ба  рафтан ба бозору дӯкону харидани маҳсулот  одоби  хоси худ, қоидаҳои худро доранд. Гузаштагони мо онҳоро ба тафсил навиштаву дастурҳои хоссае эҷод намудаанд, амсоли “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус,  “Футувватномааи султонӣ”, “Ахлоқи муҳсинӣ”, “Рисолаи Ҳотамия”- и Ҳусайн Воизи Кошифӣ  ва даҳҳои дигар.

Албатта, Наврӯзи мо беҳудуд аст, садҳо суннатҳо дорад, яке аз   дигаре рангинтар буда, ҳар яке ҳадафҳои баландеро пайгирӣ менамояд. Тамоми ҳунарҳои  миллии мо, хусусан дар рӯзҳои иди Наврӯз ба намоиш гузошта мешаванд. Аз намоишҳои ҳунариву варзишӣ то пухту пази анвои зиёди хӯрокҳои  миллӣ, ки танҳо хоси Наврӯз мебошанд. Ҳунари пазандагии кадбонуҳои тоҷик дар олам назир надорад. Бубинед, даҳҳо намуди нонҳои гарму зебо, аз нонҳои товагиву  варақин то нону чаппотиву фатиру кулчаҳои танӯрӣ- ҳар яке на ин ки танҳо ғизо, балки намунаи ҳунари дастони пурэъҷози зан-модари тоҷик мебошанд.

Аммо дар қатори даҳҳо намунаи суннатҳои наврӯзӣ банда мехоҳам аз як  суннате ёд оварам, ки дар дунё назир надошта, падидаи баландтарини одоби ҷавонмардии мардуми тоҷик мебошад. Ин падида чунин аст: дар рӯзи Наврӯз суннате аст, ки вомедорад душманон дӯст шаванд. Бале, Наврӯзи мо вомедорад, ки одамон гуноҳҳои ҳамдигарро бубахшанд, ногапҳо ҳамгап шаванд, дилмондаҳо хусуматҳоро аз дил бароранду фаромӯш намоянд. Гумон мекунам, ин намунаи баландӣ ҷавонмардӣ ва нишонаи фазилати баланди халқи мо аст, ки дар ин суннати наврӯзӣ падид омадааст. Ин суннате аст, ки метавонад барои тамоми мардуми башар намуна бошад. Ва ифтихори мост, ки чунин суннат маҳз дар Наврӯзи мо ҳузур дорад.  Яъне, бахшидани гуноҳони ҳамдигар. Кош ба ин муносибат яке аз рӯзҳои ҷашни Наврӯзро рӯзи байналмилалии оштӣ эълон намоянд, ки аз ин суннат инсоният манфиатҳое барои пойдории сулҳу дӯстӣ дар тамоми дунё мебардорад, хусусан дар ин замони хусуматҳову ҷангу ҷидолҳое, ки ба сайёраамон  зиёни зиёд меоваранд.

Азбаски маросими Наврӯзи мо аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО иди ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, дар идомаи он метавон ба ЮНЕСКО пешниҳод намуд, ки яке аз рӯзҳои Наврӯз Рӯзи байналмилали сулҳу оштӣ ва бахшидани гуноҳон эълон гардад.

Бо ин метавон гуфт, ки дар қатори Наврӯзи хуҷастапай ҳадафҳои тамоми маросим, суннату ойинҳои  миллии мо нек будаву башардӯстона мебошанд. Бубинед, Меҳргони мо ҷашни меҳру муҳаббат, ҷашни ҳосилу баракат аст, Садаи мо ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, ҷашни рӯсурхиву гармдилӣ аст. Тиргони мо ҷашни Эзади об, ҷашни боришот, яъне, ҷашни файзу баракат мебошад. Ҳар як ойину суннати дигари халқи мо низ танҳо ҳадафҳои инсондӯстона, хайрхоҳона дошта, ба манфиати кулли инсонҳои  сайёраи Замин, ба манфиати сулҳу осоиш, фаровонии ҳосил, шодиву сурури ҷаҳониён мебошанд.

Имрӯз мо аз мансубиятамон ба ин халқу ин миллат ифтихор менамоем, ифтихор мекунем, ки имрӯзҳо дар замони эҳёи навини Тоҷикистони озоду азизамон халқи соҳибтамаддун, миллати нексиришти тоҷик ва Пешвои ватанпарасту башардӯсти он Эмомалӣ Раҳмон саҳми бузургашонро дар сиёсати ҳамзистии осоишта мегузоранд. Пешвои мо на танҳо суннатҳои волои миллии мо, ҳунарҳои миллии мардумии моро эҳёи тоза мебахшанд, балки дар ҳалли мубрамтарин масъалаву мушкилоти башарии сайёра пешгоми сиёсати хайрхоҳонаи дунё ва намунаи ибрати ҷавонмардӣ ва инсонпарвариву башардӯстӣ мебошанд. Чӣ гуна наметавон ифтихор дошт, ки имрӯз панҷ ташаббусу пешниҳоди Пешвои миллати мо, ки ба ҳалли масъалаҳои тақдирсози  башарият равона шудаанд, аз ҷониби созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ ва мардуми дунё пазируфта шудаву роҳнамои фаъолияти аҳли ҷаҳон гардидаанд.

Бо  халқи некманишу хайрхоҳ, бо Пешвои ҷоннисору ватандӯст ва бо Наврӯзи файзбахш, бо  кулли маросими неки миллии башардӯстонааш  миллати  мо дар таърих чун намунаи ибрат ва ҳомии сулҳу дӯстиву ҳадафҳои волои инсонӣ мемонад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 21, 2024 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВОРИСОНИ ШАШМАҚОМ». Бахшида ба Рӯзи шашмақом китоби нав нашр гардид
МУАЛЛИМИ МАН
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
Рамзи фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» омода гардид
Ёдгории бостонии «Тахти Шоҳӣ» бозгӯи он аст, ки ин мавзеъ аз қадим макони зисти тоҷикон будааст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ Фестивал-симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam-2024» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин