НАВРӮЗ-ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ. Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ин ҷашни байналмилалиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷашни Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.
Ҷашнгоҳ бо тамоми унсурҳои ҷашни Наврӯз, аз қабили дастурхони наврӯзӣ, гӯшаҳои таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, намоиши бозиҳои варзишӣ, базми шеъру суруд, дастовардҳои илмӣ, гӯшаҳои маслиҳатдиҳӣ ва техникаҳои кишоварзӣ оро ёфта буд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки мардуми тамаддунофари тоҷик Наврӯзро давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, анъанаҳои онро то замони мо бегазанд расонидаанд. «Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт намудан ва парастиши табиату қадршиносии неъматҳои он ҳидоят менамояд»,-изҳор намуд ӯ.
Таъкид гардид, ки маҳз бо ташаббусҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд ва бо шаҳомати ба худ хос таҷлил мешавад.
Иброз шуд, ки дар ҳақиқат Наврӯз ваҳдати зиндагии инсонро бо табиат, пайвасти ногусастании меҳнату заҳмати бунёдкоронаро бо давраҳои тағйири фаслҳои сол инъикос намуда, муносибати оқилонаро нисбат ба зуҳуроти олами фарогири инсон таҷассум менамояд.
Баҳри болидахотирии иштирокдорон аз ҷониби ансамбли халқии «Гулдаста»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид






