ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа ба бозиҳои интихобӣ омодагӣ мебинад

Март 15, 2024 09:37

ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол  таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе омодагиҳоро ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ба муқобили дастаи мунтахаби  Арабистони Саудӣ дар ҷамъомади таълимиву тамринии  шаҳри  Давҳа идома медиҳад. Футболбозони тоҷик дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар шаҳри Давҳаи Қатар машқҳои навбатӣ анҷом доданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод  ба  Федератсияи   футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Рӯзи сеюми ҷамъомади таълимиву тамринии  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Қатар баргузор  шуд. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон   ҳоло аз 15 бозигар иборат аст. Ба ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дохил шудани легионерҳо аз 16 март шуруъ мегардад.

Дар рӯзи дуюми ҷамъомади таълимӣ дастаи   мунтахаби Тоҷикистон ду маротиба – сараввал дар толори варзишӣ ва баъд дар майдони футбол машқ намуд.

Хотиррасон мешавем, ки шоми 18 марти имсол дастаи  мунтахаби Тоҷикистон барои бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ба муқобили  дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ аз шаҳри Давҳа ба шаҳри  Риёз парвоз менамояд. Ин дидор 21 март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Сипас дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе баргашта, дар майдони худ бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро анҷом медиҳад. Ин рақобат  26 март, соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе баргузор мешавад.

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 15, 2024 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд