Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти чигит мегузаронанд

Март 29, 2024 16:09

СУҒД, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар майдони 5 ҳазору 690 гектар чигит кишт мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маъракаи кишти чигит оғоз бахшида, барои сари вақт ба анҷом расонидани кишт, истифодаи самараноки замин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат супоришҳо дод.

Дар идома Раиси вилоят бо роҳбарияти ноҳия ва кишоварзону пахтакорон дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Ҷамоати деҳоти Ғӯла-кандоз суҳбат намуд.

Кишоварзони  ноҳияи Ҷаббор Расулов ният доранд, ки имсол 12 ҳазору 800 тонна  пахта ҷамъ оваранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 29, 2024 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид