ПЕШОМАДҲОИ РУШДИ УСТУВОРИ ПАХТАКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН». Доир ба он дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 04.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади баррасии Стратегияи рушди пахтакории устувор ва дастгирии занҷираҳои истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таҳти унвони «Пешомадҳои рушди устувори пахтакорӣ дар Тоҷикистон: татбиқи занҷираи истеҳсолӣ» конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Конференсия бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда,ҳадаф аз баргузории он баррасии масъалаҳои мухталифи марбут ба рушди пахтакорӣ ва таҳияи самтҳои асосии Стратегияи рушди устувори пахтакорӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат маҳсуб шуда, соли 2023 қариб 5 фоизи маҷмуи маҳсулоти кишоварзиро ташкил дод.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 дар хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ дар майдони зиёда аз 175 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шуда, беш аз 400 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Таъкид шуд, ки бо зиёд гардидани аҳолӣ дар ҷаҳон, тағйирёбии иқлим, баланд шудани ҳарорат ва хушксолии дарозмуддат яке аз самтҳои муҳими гузариш ба саноатикунонии босуръати мамлакат- ин рушди пахтакории устувор мебошад.
Пахтакории устувор усулҳо ва амалияҳоеро дар бар мегирад, ки ба коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити атроф ва баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим равона шудаанд. Ба чунин усулҳо истифодаи самараноки обёрӣ, ғизодиҳӣ, такмили селексия ва тухмипарварӣ, истифода бурдани навъҳои баландсифати ба гармӣ ва касаливу ҳашароти зараррасон тобовар дохил мешаванд. Аз ин рӯ Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани якчанд стандарти устувори байналмилалӣ шуруъ намудааст, ки яке аз онҳо стандарти Better Cotton мебошад.
Better Cotton — ин ташкилоти калонтарини дунё дар самти рушди стандарти пахтаи устувор мебошад. Ин стандарт дар умум ба беҳтар гардонидани истеҳсоли пахта равона гардидааст.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон соли 2013 дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда, стандартҳои устуворро дар соҳаи пахтакорӣ тавассути татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ ҷорӣ намуд.
Дастгирӣ ва рушди истеҳсоли устувори пахта бо ҳадафу вазифаҳои Консепсияи таъсис ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул шудааст, мувофиқат менамояд. Ин консепсия ба рушди кластерҳои инноватсионии агросаноатӣ ҳамчун фишангҳои таҳкими рақобатпазирии истеҳсолкунандагони тоҷик равона шудааст.
Конференсияи байналмилалии «Пешомадҳои рушди устувори пахтакорӣ дар Тоҷикистон: татбиқи занҷираи истеҳсолӣ» ду рӯз идома ёфта, дар он мушкилот ва дурнамои соҳа муҳокима ва стратегияи рушди минбаъда муайян мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд






