РӮЗИ АЗ СИНАҲО — БЕРУН АНДОХТАНИ КИНАҲО. Воқеан, ин рӯз Наврӯз аст

Март 21, 2024 11:16

ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз воқеан, рӯзи бахшидани гуноҳи ҳамдигар, рӯзи меҳрубонию меҳрборӣ, рӯзи таваллуди дубораи табиату инсонҳо ва рӯзи аз синаҳо берун андохтани кинаҳо мебошад.

Фаро расидани Наврӯз паёме аз баробар гардидани шабу рӯз, зинда шудани табиат, оғози соли нав ва мавсими киштукор мебошад.

Наврӯз барои мо, тоҷикон баробар бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ бисёр азизу гиромӣ мебошад, зеро маҳз бо шарофати истиқлолу озодӣ мо ойину суннатҳои деринаи миллиамон, аз ҷумла Наврӯзро эҳё намудем.

Дигар ин ки истиқлол ҳамчун ҳадяи сарнавишти миллат ва Наврӯз чун шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷикон дар якҷоягӣ пайвандгари наслҳои имрӯзу оянда бо расму ойин ва суннату анъанаҳои гузаштагони некноми мо мебошанд.

Бо назардошти моҳият ва табиати башардӯстонаву инсонгароёнаи Наврӯз аз соли 2010 сар карда, ин ойини бостонӣ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил мешавад.

Яъне бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар байни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.

Аслан Наврӯз ва ҳикмату фалсафаи он бар пояи бузургдошт ва ситоиши инсон, сарфи назар аз мансубияти диниву мазҳабӣ ва мақоми иҷтимоӣ, баробарӣ, таҳаммулгароӣ, авфу бахшиш, оғози саҳифаи нав дар зиндагӣ ва дар маҷмуъ, сулҳу субот бунёд гардидааст.

Ин ҳама арзишҳои ҷовидонӣ ва аҳамияти умумибашарии Наврӯз барои мо – тоҷикон дар баробари забони ширину шевои тоҷикӣ, таърих, илм ва адабиёту фарҳанги пурғановати бо ин забон таълифшуда мояи ифтихору сарфарозӣ ва беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳӣ мебошад.

Мо ҳамчунин ифтихор дорем, ки дар асри бисту як, яъне дар замони рушди босуръати илму техника ва технологияҳо Наврӯз бо таърихи шашҳазорсолааш зинда аст, дар қалби ҳар яки мо ҳамчун ҷузъи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии наслҳо решаҳои амиқ дорад ва ниёзҳои маънавию иҷтимоии мардуми моро қонеъ мегардонад.

Таҷлил ва гиромидошти Наврӯзу суннатҳои он пас аз соҳиби истиқлоли давлатӣ гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми пешина ва маснади аслиаш баргардонида шуд.

Ҷашни Наврӯз, ки аз даврони қадим марзҳоро убур намуда, ба фарҳанги якчанд давлати минтақа роҳ ёфта буд, дар оғози садаи ХХI ба таври расмӣ низ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тасдиқу тасвиб шуд. Нахуст онро созмони ЮНЕСКО соли 2009 ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид намуд ва соли 2016 шумораи давлатҳои аъзои парвандаи Наврӯз зиёд шуда, ҳуҷҷатҳо мукаммал ва аз нав тасдиқу имзо гаштанд. Акнун дар парвандаи Наврӯз ҳамроҳ бо Тоҷикистон Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Ироқ ҳамроҳ мебошанд.

23 феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳавзаи Наврӯз мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба тасвиб расид. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мешавад. Аз давлатҳои ҳавзаи Наврӯз даъват мешавад, ки ҳамасола онро бошукуҳ ҷашн гирифта, дар густариш ва рушду таблиғи суннатҳои Наврӯз саҳм гузоранд.

Дар давраи истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукуҳу таҷаллии тоза пайдо намуд. Мо, тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва иди покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ таҷлил менамоем.

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Барҳақ, Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад ва ба ҷашни баробаршавии шабу рӯз, инъикоскунандаи фалсафаи баробарии инсоният дар рӯи Замин табдил ёфта, мақоми он дар фарҳанги тоҷик ва ҳамзамон дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзишманд мебошад. Ин ҷашни аҷдодии мо шукуҳу шаҳомати беназир дошта, дар худ рамзи меҳрофарӣ, равшангароӣ, зебоидӯстӣ, ҳамнавоӣ бо табиату замин, неруи тоза ва қавӣ пайдо намудан, ободкориву накӯкориро инъикос ва таҷассум намудааст. Бинобар ин ягон боду газанди рӯзгору зарбаҳои таърих натавонист Наврӯз ва арзишҳои муқаддаси онро аз байн барад.

Истиқлоли Ватани азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он ибтидо гузошт, ки заминаи ваҳдати миллӣ барпо ва устувор гашта, урфу одат, расму ойини миллии ниёгон ва арзишҳои муқаддаси аҷдодиамон дар симои Наврӯз дубора эҳё гашта, ба тамоми оламиён муаррифӣ ва ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ табдил ёбанд. Ин паёми нек ба шоирону адибони муосири мо барои эҷоди шеъру чакидаҳои наву рангин илҳоми тоза бахшид.

Шоири шинохтаи тоҷик Муҳаммад Ғоиб дар шеъри зер васфи гулу Наврӯз менамояд ва бо ифтихор Тоҷикистонро Ватани Наврӯз меномад:

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври ғул-ғулфикани Наврӯз аст.

То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.

Бӯи Наврӯз расад аз ҳама дар
Рӯзи Наврӯз расад аз ҳама бар.

Ҳама дар пероҳани наврӯз аст
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст…

Сабзгун пуштаву саҳрои Ватан,
Сабзпӯш аст ҳама ҷои Ватан.

Сабз ҷон дар бадани Наврӯз аст.
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст…

Наврӯз дар фарҳанги миллии мо хислату андешаҳои накӯ ва созандаро густариш бахшида, оштӣ ва сулҳофарӣ, адолатпешагиву ваҳдатро парастиш менамояд, сулҳу оромӣ тақдим менамояд. Бо даромадани рӯзи наву Наврӯз ҳама дарду ғамҳои кӯҳна ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, зиндагии хушу рангин ва марҳилаи тоза барои ибтидои ҳаёти нав оғоз мешавад.

Шоири маҳбубу машҳури замони мо Фарзона Наврӯзро ба «Ҷони ҷаҳонсоз» шабеҳ дода, бо эҳсосоти хоси шоирона мегӯяд:

Наврӯз шуду панҷараро боз намудем,
Сад шукри ту, эй Ҷони ҷаҳонсоз намудем.

Табрики ҳама майнаву гунҷишку парасту
Бо марҳалаи тозаи парвоз намудем.

Хуршедтарин, субҳтарин хотираҳоро
Аз дуртарин панҷара овоз намудем.

Андози баҳор аст напардохта ҳоло,
Бо он ки адои ҳама андоз намудем.

Он ҳавсалаҳои фалаҷи коғазии мо
Чун бодбарак буду фалактоз намудем.

Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ки аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз ғоя ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашариашро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад. Наврӯз ва тамоми суннатҳои наврӯзӣ намунаи баланди одобу маърифат ва некиву ҷавонмардӣ, хайрхоҳӣ, сулҳу нишот ва хушбахтии одамизод мебошанд.

Мояи ифтихор ва сарфарозии мо аст, ки омӯзиш ва шинохти ҷашни Наврӯз, мақому мартаба, ғояҳои арзишманди он то ҳол манзалаташонро гум накардаанд, балки боз асолату назокати наву рангин касб намуда, барои бедор намудани худшиносиву хештаншиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаамон барои наслҳои оянда хеле муҳим мебошанд. Ин ҷашн аз ҳамаи мо тақозо менамояд, ки пос доштану эҳтироми мероси аҷдодиамонро муқаддас шуморему ба наслҳои баъдӣ ба ёдгор бимонем.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 21, 2024 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Дар Арабистони Саудӣ Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд