«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад

Март 26, 2024 15:36

ДУШАНБЕ, 26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрели имсол дар вилояти Суғд таҳти унвони «Сайри гули лола» Фестивали вилоятии гулҳо гузаронида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси Суғд хабар медиҳад.

Даври вилоятии фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 ва бо мақсади густариши корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар маҳал доир шуда, фестивал дар шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо ва  вилоят ташкил мегардад.

Фестивали вилоятии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи номинатсияҳои «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «шаҳри беҳтарин» баргузор шуда, ба ғолибон аз 2000 то 7000 сомонӣ мукофоти пулӣ супорида мешавад.

Мақсади баргузории озмун эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба тамоми зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ҳамасола ин озмун дар тамоми ҷумҳурӣ доир мегардад.

Дар робита ба ин месазад гуфт, ки гули лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат мебошад. Парвариши лолаҳои дилрабою гуногунранг дар тамоми гӯшаҳои мамлакат падидаи беназир ва бесобиқа аст, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад. Аслан гули лола ва Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баёнгари  Ватани наврӯзии тоҷикон буда, рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва эҳёи суннат дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум маҳсуб мешавад.

Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и хеш фармудааст:

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст…

Гули лола ҳафт ранг дорад: сурх, сафед, норанҷӣ, суратӣ, бунафшаӣ, сабз ва зард. Ҳамаи ин гулбаргҳои рангӣ хатчаҳои сиёҳ доранд. Навъҳои ранги гули лола то дараҷае зиёд ҳастанд, ки метавон гуфт, ба ғайри ранги қаҳвагӣ дигар тамоми рангҳоро доро мебошанд. Баргҳои лола дорои буридагии амиқ ва камаш се қисмат, ё се баргча мебошанд. Ҳамаи гулҳои лолаи худру дорои се гулбарг ва се косабарги рангин ба шакли гулбаргҳо ҳастанд.

Лола рамзи хушбахтӣ ва муҳаббат аст. Дар урфият лолаи сурхи тақдимшуда ифодаи ишқ, зард маънои бахту саодат ва лолаи сафед маънои бахшиш пурсиданро дорад.

Агар нигоҳе ба таърих андозем, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ низ ба назар мерасад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст.

Гули лола танҳо ду моҳ дар сол шукуфон мешавад, яъне замони гулдиҳии он аз охири апрел то аввали июн вобаста ба маҳалҳои гарму салқин идома меёбад. Лола атрофро чунон ҳусну накҳати тоза мебахшад, ки бо дидани он мисраъҳои ҷовидонаи  Рӯдакии бузург ба ёд мерасанд:

Бихандад лола дар саҳро,
Ба сони чеҳраи Лайло…

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз бойгонӣ

Март 26, 2024 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба меҳмонони хориҷӣ либосҳои миллиро намоиш доданд
Дар Институти биологии Помир озмоишгоҳи биотехнологӣ ба истифода дода шуд
Байни нашрияи «Народная газета» ва Медиакорпоратсияи Чин Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Санкт-Петербург Ассамблеяи XIX генералии Созмони агентиҳои иттилоотии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Дар Китобхонаи миллӣ китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар рӯнамоӣ гардид
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят беш аз 300 муассисаи фарҳангӣ ба мардум хизмат мерасонад
Дар Душанбе маросими кушодашавии 46-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Санъати нодир — кундал дар Тоҷикистон рушд меёбад
«КӮЗАИ ВАҲДАТ». Ин кӯзаи мунаққаш аз хоки тамоми минтақаҳои Тоҷикистон сохта шудааст
Аксари ҳунармандони «Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон» ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» мебошанд
Дар Вазорати фарҳанг оид ба нақши муассисаҳои фарҳанг дар рушди маънавиёти ҷомеа ҳамоиш доир шуд