«TASHKENT GRAND SLAM 2024». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо бо 1 медали тилло дар ҷойи сеюм қарор дорад
ДУШАНБЕ, 02.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мусобиқаи навбатии «Сайри ҷаҳонии ҷудо» – «Tashkent Grand Slam 2024» дар Ҷумҳурии Узбекистон идома меёбад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар ин мусобиқа дар ҳайати 14 нафар иштирок дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи якуми мусобиқа узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо Эмомалӣ Нуралӣ сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид.
Барои баромадан ба финал Эмомалӣ Нуралӣ бар Мартин Сетс аз Олмон, Уиллис Гарсиа аз Венесуэла, Кубаничбек Айбек уулу аз Қирғизистон ва Яго Абуладзе аз дастаи варзишгарони фардии бетараф пирӯз шуд. Дар финал ӯ ҷудочии исроилӣ Барух Шмаиловро мағлуб намуд.
Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир низ дар мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2024» ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок дорад.
Аз рӯйи натиҷаи рӯзи якуми мусобиқа Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо бо 1 медали тилло дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шукрона Қарчиева (-48кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Фазилат Гулбоева (-57кг), Мавлуда Одинаева (-63кг) байни духтарон ва Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов (-60кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов (-73кг), Сайфиддин Сайфиддинзода, Сунатулло Мусоев (-81кг), Комроншоҳ Устопириён, Акмал Муродов (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг), Мансур Раҳмон ва Шакармаҳмад Мирмамадов (+100кг) байни мардон дохил мебошанд.

Рӯзи якуми мусобиқа барои Шукрона Қарчиева (-48кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Фазилат Гулбоева (-57кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг) ва Ҳақдод Гулов (60 кг) бе натиҷа анҷом ёфт.
Дар рӯзи дуюм Мавлуда Одинаева (-63кг) байни, Маҳмадшариф Наҷмуддинов (-73кг), Сайфиддин Сайфиддинзода ва Сунатулло Мусоев (-81кг) рақобатро идома медиҳанд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт






