Тоҷикистон ҳамкориро бо Словакия дар соҳаи роҳу нақлиёт тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 22.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Словакия дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла, дар доираи муколамаи Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо, бахусус Созишнома дар бораи иҷозати ягонаи транзитии TRACECA (долони нақлиётии Аврупо – Қафқоз-Осиё) дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Тошканд) Виктор Боретский дар Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба рушди ҳамкорӣ байни ду давлат тибқи Ёддошти моҳи январи соли 2024 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Словакия ба имзорасида изҳори ҳавасмандӣ намуд. Ҳадаф аз имзои ин санад ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ва грант барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати насби тарозуҳои автомобилӣ дар роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Тоҷикистон буд.
«Насби тарозуҳо оид ба танзими меъёрҳо ва ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ба ҳифзи инфрасохтори сохташуда аз осеббинӣ мусоидат менамояд», — гуфт вазир.
Ба андешаи Азим Иброҳим, ин раванд дар маҷмуъ ба солҳои дароз хизмат намудани инфрасохтори сохташуда ва коҳиши ҷалби маблағ барои нигоҳдории ҷории иншооти роҳ мусоидат менамояд.
Сафири Словакия Виктор Боретский омодагиашро барои мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ тасдиқ намуда, ваъда дод, ки иҷрои нуктаҳои Ёддошти ҳусни тафоҳумро дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Бонки содирот ва воридоти Словакия ва ширкати «Betamont», ки дар татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт, хусусан дар соҳаи насби тарозуҳо барои чен кардани вазни воситаҳои нақлиёти боркаш ва рақамисозии соҳаи роҳу нақлиёт таҷрибаи хуб ва дастовардҳои назаррас дорад, зери назорат мегирад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид






