Воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон афзудааст
ДУШАНБЕ, 16.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон афзудааст. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки танҳо соли 2023 тақрибан 1,5 ҳазор мошини барқӣ харид шудааст.
Тибқи хабари манбаъ, Тоҷикистон дар оянда ният дорад, ки ҳиссаи автомобилҳои барқиро то 20-30 фоиз афзоиш диҳад. Ин тадбирҳо дар доираи татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028» ба нақша гирифта шудаанд, ки лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёт таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 тасдиқ гардидааст.
Барнома ба рушди технологияҳои хизматрасонии мошинҳои барқӣ нигаронида шуда, дар натиҷаи татбиқи он ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд ва вобастагии Тоҷикистонро аз сӯзишвории воридотӣ коҳиш медиҳад. Инчунин бо гузаштан ба нақлиёти барқӣ ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ, ки асосан мошинҳо ихроҷ менамоянд, кам мешавад.
Соли 2022 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид шуд, ки он воридоти нақлиёти барқиро ба ҷумҳурӣ бе боҷи гумрукӣ дар 10 соли оянда, инчунин озод намудани онҳоро аз андоз ва аксизҳо пешбинӣ менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






