Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид

Апрель 26, 2024 14:47

ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳия мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

Дар мусобиқа паҳлавонони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба монанди Шодмон Ризоев, Ҳақназар Назаров, Улуғбек Раҳимов, Абубакр Боқиев, Караматулло Ҳакимов, Мулораҷаб Халифаев, Ғазалшоҳи Давлатшоҳ, Суҳроб Боқиев, Шакармамад Мирмамадов, Хуршед Маҷидов, Зафар Олимшоев, Субҳиддин Халилзода, Мирзоҷамил Рамазонов, Амриҷони Насимҷон, Шаҳриёр Акбарзода, Рашид Зиёбеков, Комрон Карлеков, Ҳайдари Саидкабирзода, Муслимбек Қайюмов, Зикрулло Қодиров ва инчунин паҳлавонон аз Ҷумҳурии Узбекистон иштирок ва бо ҳам қувва озмуданд.

Баъди ҳар давр аз ҷониби ташкилкунандагони ин мусобиқаи варзишӣ ба ғолибон дар маросими тантанавӣ туҳфаҳои қиматнок, аз қабили мошинҳои сабукрав, уштур, асп, гов, гӯсфанд, телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ, қолин, маблағҳои пулӣ ва ғайра тақдим карда шуд.

Дар мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагон Шоҳҷоиза- ду мошини сабукрав гузошта шуда буд. Ҳамин тавр, Абубакр Боқиев аз ноҳияи Рӯдакӣ ва Зикрулло Қодиров аз ноҳияи Ховалинг бо ҳам рақобати ҷолиб намуданд. Дар ниҳоят бо усули хеле зебо Абубакр Боқиев Зикрулло Қодировро мағлуб намуда, сазовори Шоҳҷоиза- мошини сабукрави тамғаи «Опел сидан» гардид.

Барои Шоҳҷоизаи дуюми мусобиқа ду паҳлавони шинохтаи тоҷик- Шодмон Ризоев аз шаҳри Кӯлоб ва Ҳақназар Назаров аз шаҳри Ҳисор баҳри мухлисони гӯштини миллӣ рақобат намуданд. Ин паҳлавонон миёни ҳам тақрибан як соат гӯштин гирифтанд, вале ғолиб маълум нагардид. Дар охир Шоҳҷоизаи дуюм аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рӯдакӣ ҳадя гардид.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 26, 2024 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд