Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд

Апрель 4, 2024 14:43

ДУШАНБЕ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии муҳити зист дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати Раиси шуро, ноиби президенти Академияи улуми Русия Степан Калмиков баргузор шуда, дар кори он аъзои Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиии Агентии байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Кумитаи идоракунии захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии шаҳри Санкт-Петербург, Комиссия оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиии Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург ва Хадамоти федералии давлатии бақайдгирӣ, кадастр ва картография, Департаменти шимолу ғарбии гидрометеорология ва мониторинги муҳити зист, академияҳои илмҳо ва донишгоҳҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Коршиносон ва мутахассисони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои марбут ба рушди мониторинги муҳити зист дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷараёни кор дар лоиҳаи қонуни намунавии «Дар бораи мониторинги муҳити зист»-ро баррасӣ намуданд.

Лоиҳаи Тавсияҳо ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (ҳукумат) оид ба татбиқи сиёсати экологии давлат дар сатҳи маҳаллӣ, масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи мониторинги обҳои зеризаминии фаромарзӣ дар доираи Созишномаи байниҳукуматии Беларус ва Русия ва ба амал баровардани назорати экологӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ дида шуд.

Раиси Шурои коршиносон натиҷаи ҳамоиши байналмилалии «Рушди устувори манотиқи кӯҳистон»-ро ҷамъбаст намуда, дар бораи ҷараёни иҷрои тавсияҳои форум, инчунин омодагиҳо ба машварати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки дар назар аст моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шавад, маълумот дод.

АСК: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Апрель 4, 2024 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад