Аз 16 то 18 апрел дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабири шаҳри Душанбе дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» намоиш –фурӯши чакан доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тавре қаблан хабар дода будем, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 оид ба «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» бо иштироки меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат 18-19 апрел озмуну фестивали ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ва «Сад ранги чакан» -ро ҷамъбаст менамояд.
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ 18 апрел, соати 08:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»- и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир мегардад.
Ҳамзамон 19 апрел, соати 18:00 дар Маҷмааи фарҳангии «Аҳорун» (Амфитеатр) даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






