Барои ифротӣ нагаштани ҷавонон таваҷҷуҳи онҳоро ба илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ бояд ҷалб намуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти имсол доир гардид, дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ҳамоиш баргузор шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасан Баротзода дар мавзуи «Пешвои миллат ва худшиносии миллию динии аҳли ҷомеа» маъруза намуда, иброз дошт, ки Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат паҳлуҳои гуногуни бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи ҳодисаҳои марбут ба терроризму экстремизми динии ҷаҳони муосирро, ки имрӯз василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, таҳлил намуда, ба ҳифзи истиқлолияти сиёсию фарҳангии Тоҷикистон ва гиромидошти арзишҳову муқаддасоти миллӣ ишора намуданд.
Дар такя ба суханронии Пешвои миллат таъкид гардид, ки ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, барои ифротӣ нагаштани ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи онҳоро бояд бештар ба илму дониш ва касбу ҳунар ҷалб намуд. Ба илмҳои дақиқу риёзӣ диққат дода шуда, техникаву технологияҳои навтарин бояд аз худ шаванд, то сатҳу сифати зиндагии мардумамон баланд гардад.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қонунҳои одӣ набуда, дар ислоҳоти маънавию иҷтимоии мамлакат ва ташкили фазои мафкуравии озод аз хурофоту таассуб нақши муҳим мебозанд.
Дар анҷоми ҳамоиш аз раванди корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми ҷумҳурӣ сухан гуфта, иштирокдорон даъват шуданд, ки дар корҳои ободониву созандагии ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоранд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5600 то 9.5700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид






