Бо супориши Президенти Тоҷикистон ба аҳолии аз боронҳои сел зарардидаи мамлакат кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Охири ҳафтаи гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ба 125 хонаводаи шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, навоҳии Рӯдакӣ ва Темурмалики вилояти Хатлон, ки бар асари боронҳои сели рӯзҳои 14-15 апрел зарар дидаанд, кумак расонид.
Ин кумак тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, аз маводи озуқа ва ғайриозуқаворӣ иборат буд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки тавассути вокуниши фаврӣ ва ташкили ҳамкорӣ бо дастгирии якчанд созмони байналмилалӣ ба аҳолии шаҳру навоҳии мамлакат, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, сари вақт ёрӣ расонида шуд.
Кумакҳои расонида асосан аз маводи ғизоӣ, маводи мавриди ниёзи аввал, бастаҳои беҳдоштӣ ва ҳабҳои тозакунандаи об иборат буданд. Онҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсуси Кумита ба ҷамоатҳои деҳот расонида шуда, дар ҳузури комиссияҳо ба ниёзмандон тақсим гардиданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






