Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Хазинаи сафирони Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар доираи Лоиҳаи «Нигаҳдории мероси фарҳангӣ барои наслҳои оянда» чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
Зимни анҷоми ин лоиҳа дар майдони вурудии ёдгорӣ директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент, сафири ИМА дар Тоҷикистон аз ҷойгоҳу аҳамияти ин ёдгорӣ ва ҳамкорӣ барои ҳифз, барқарорсозӣ ва таҳқиқи он сухан гуфтанд.
Иброз гардид, ки бо татбиқи Лоиҳаи «Нигаҳдории мероси фарҳангӣ барои наслҳои оянда» дар шаҳри қадимии Панҷакент чор иншооти муҳими он, аз ҷумла маъбади оташпарастии асрҳои 5-6, боқимондаҳои девори асри 5, толори пазироии меҳмонон бо номи рамзии «Рустамнома», девори мудофиавии Панҷакенти қадим таҷдиду барқарор шуда, дар масофаи 2,8 километр ҳудуди ёдгорӣ панҷарабандӣ карда шуд.


Таъкид карда шуд, ки «барои Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дастгирии барқарорсозии ин шаҳри бостонии Роҳи бузурги Абрешим яке аз масирҳои пурмаъное аст, ки тариқи он мо эҳтиром ва қадрдониамонро ба таърих ва фарҳанги ғании Тоҷикистон баён менамоем».
Дар ҷамъомад ба Хазинаи сафирони Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои нигаҳдории мероси фарҳангӣ, ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони пешсаф», Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону мутахассисон, иштирокчиёни татбиқи лоиҳа изҳори сипос карда шуд.
Бояд гуфт, ки бо роҳнамоию дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 9 ёдгории таърихии ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла панҷ ёдгории шаҳри Панҷакент ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО ворид шуданд, ки яке аз онҳо ёдгории асрҳои 5-8-и мелодӣ- шаҳри Панҷакенти қадим аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент










Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






