Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади эҳё ва рушди амалии бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни насли наврас бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҳти унвони «Намудҳои миллии варзиш-рукни асосии фарҳанги миллӣ» Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Фестивали бозиҳои миллӣ дар шафати роҳи назди Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балет»-и ба номи С. Айнӣ ва Муассисаи давлатии боғи «Куруши Кабир» таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва бо иштироки кормандон, ҷавонони фаъолу варзишгарони муваффақ, роҳбарону намояндагони корпусҳои дипломатӣ доир гардид.
Фестивал бо садои карнаю сурнай, бо ҷалби устодону мураббиён ва донишҷӯёну варзишгарони муассисаҳои таълимӣ ва тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ доир гардида, дар он зиёда 50 намуди бозиҳои миллии варзишӣ бо тарзу усули маҳаллӣ ба маърази тамошои ҳозирин гузошта шуд.



Дар ифтитоҳи фестивал иброз гардид, ки ҳадаф аз баргузории он эҳё намудани бозиҳои миллии варзишӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Ҳамзамон дар фестивал барномаи рангини фарҳангӣ бо фарогирии суннатҳои анъанавии миллӣ бо иштироки сарояндагони маҳбуб ва ансамблҳои рақсӣ манзур гардонида шуд.
Мояи ифтихор ва ҷолибу хотирмон буд, ки зимни чорабинӣ намояндагони аксар навъҳои варзишии мамлакат ҳунару маҳораташонро пешкаши тамошобинон намуданд.
АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






