Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд

Апрель 4, 2024 16:39

ДУШАНБЕ, 04.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сзи Шумин мулоқот  намуд. Дар вохӯрии мазкур масъалаи татбиқи  марҳилаи дуюми низоми автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии «Шаҳри бехатар» мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду давлат дар самти татбиқи марҳилаи дуюми низоми автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии «Шаҳри бехатар» ибрози андеша намуданд.

Мусоҳибон  дар ҷараёни вохӯрӣ мактубҳои мубодилавии вобаста ба татбиқи марҳилаи дуюми низоми автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии «Шаҳри бехатар»-ро имзо карданд.

Дар мулоқоти мазкур тарафҳо  ҳамчунин ҷиҳати густариш додани мубодилаи  иттилоот, таҷриба ва ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2024 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид