Дар Душанбе оид ба баланд бардоштани сатҳи истифодаи тасмаи бехатарӣ дар автомобилҳо қарордод ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Қарордод оид ба баланд бардоштани масъулияти ронандагон вобаста ба истифодаи тасмаи бехатарӣ зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Тибқи хабари манбаъ, ин санадро аз ҷониби фармоишгар Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби татбиқкунанда Директори Ширкати консалтингии «EASST Expertise LTD» -и Британия Кабир Эмили Карр имзо намуданд.
Тақвияти санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ оид ба баланд бардоштани масъулияти ронандагони воситаҳои нақлиёт, истифодаи ҳатмии тасмаи бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ, ба роҳ мондани маъракаи васеи иттилоотӣ оид ба зарурат ва афзалияти истифодаи тасмаи бехатарӣ ва дар маҷмуъ якҷоя татбиқ намудани воситаҳои ҳифзи ронандагону мусофирон аз ҳадафҳои асосии ин қарордод мебошанд.
Мутобиқи муқаррароти моддаи 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати истифода накардани тасмаи бехатарӣ тибқи қонунгузорӣ муҷозоти маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Вобаста ба ин аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии /БДА/ Вазорати корҳои дохилии мамлакат Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Ташвиқу тарғиби истифодаи тасмаи бехатарӣ пахши филм тавассути шабакаҳои телевизион дар ҳудуди 12 дақиқа дар бораи оқибатҳои вазнин ба бор овардани истифода набурдани тасмаи бехатарӣ, гузаронидани санҷишҳои муштараки назорати иҷрои истифодаи тасмаи бехатарӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат баҳри таъмини назорати доимии истифодаи тасмаи бехатарӣ Гурӯҳи алоҳида таъсис дода шудааст.
Ширкати машваратии «EASST Expertise LTD» тасмим гирифтааст, ки шуруъ аз 5 апрели соли 2024 ба оғози корҳо дар доираи татбиқи ин лоиҳа дар Тоҷикистон барои намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои марбутаи мамлакат ин лоиҳаро муаррифӣ намояд.
Тибқи қарордод, муҳлати иҷрои тадбирҳои машваратӣ 18 моҳро дар бар мегирад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид






