Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 15.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16, 17 ва 18 апрел, аз соати 08:30 то 16:00 бо иштироки кормандони мақомоти давлатӣ, донишҷӯёни мактаби олӣ ва хонандагони муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёна, ҳамзамон сафоратхонаҳои мамлакатҳои хориҷӣ ва донишҷӯёниаз кишварҳои онҳо Рӯзи дарҳои боз баргузор менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Рӯзи дарҳои боз бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарғиби китоб, китобхонӣ ва китобхона дар байни ҷомеа гузаронида мешавад. Ҳамчунин ҳадафи он ҷалби ҷомеа, алалхусус хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва олӣ ба мутолиаи китоб, даъват ба китобхона ва шинос кардани нафароне, ки бори аввал ба ин боргоҳи маърифат меоянд, бо шароити Китобхонаи миллӣ ва имконияти беҳудуди он аст.
Кормандони масъули Китобхонаи миллии Тоҷикистон меҳмононро ба толорҳои хониш роҳнамоӣ намуда, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон медиҳанд ва бо намудҳои хизматрасонии ройгону шартномавии китобхона шинос мекунанд.
Ҳамчунин ҳамаи онҳоеро, ки ба таърихи китоб ва китобхона дар Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд, бо санъати китобдорӣ дар ҷумҳурӣ ва сайри таърихии он шинос мекунанд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






