Эмомалӣ Раҳмон: «Садриддин Айнӣ он солҳо беш аз дигарон ба дифои ҳуқуқу ҳастии тоҷикон баромада, қадимӣ, таърихӣ ва бумӣ будани миллаташро исбот намуд»

Апрель 14, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 апрел ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосир ва фарҳангу маданияти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ 146 сол пур мешавад. Дар ин робита АМИТ «Ховар» иқтибосҳоро дар бораи ин фарзанди баруманди халқи тоҷик аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баъди навсозӣ ба истифода супоридани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ки 6 ноябри соли 2017 доир гардида буд, ёдовар мешавад.

Зимни ин суханронӣ Пешвои миллат иброз доштанд, ки «бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат навсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон устод ­Садриддин Айнӣ ба анҷом расида, муҷассамаву мақбараи устод аз нав ва бо тарҳи бисёр зебои меъмории миллӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ин иқдоми ватандӯстона, яъне таҷдиду навсозии боғи ба номи устоди бузурги сухан дар айни замон нишонаи эҳтиром ва самимияти мардуми тоҷик ба шахсиятҳои барҷастаи миллат мебошад».

«Корномаи беназири устод дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст. Дар ин хусус худи устод дар мақолааш бо номи «Тақдири як халқ» навишта буд: «Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзӯъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин китобҳо – дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, дар бораи хоки муқаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳафт ба худ номи «тоҷик»-ро гирифт»»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки «устод Айнӣ дар аввали асри ХХ дар мақолаву очеркҳо, шеъру достонҳо ва повесту романҳои худ аз таърих, забон, адаб ва ҳунару фарҳанги миллати тоҷик озоду ошкоро дифоъ менамуд ва мардумро ба худшиносӣ даъват мекард. Мақолаҳои ӯ ва махсусан, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар солҳои бистуми асри ­гузашта ба сифати шаҳодатномаи миллати тоҷик хизмат карда, боиси ҳамчун халқи қадима ва фарҳангӣ эътироф гардидани тоҷикон гардиданд».

Устод Садриддин Айнӣ он солҳо беш аз дигарон дар мақолаҳои «Масъалаи тоҷикон», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Забони тоҷикӣ», «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» ба дифои ҳуқуқу ҳастии тоҷикон баромада, қадимӣ, таърихӣ ва бумӣ будани миллаташро исбот намуд, — хотирнишон намуданд Сарвари давлат ва афзуданд, ки Айнӣ ба муқобили иддае аз зиёиёни он рӯзҳо, ки забони тоҷикиро забони куҳна мепиндоштанд, баромада, ботил ва беасос будани чунин ақидаҳоро фош мекард ва таъкиду исбот менамуд, ки тоҷикон забони адабии оммафаҳми беш аз ҳазорсола доранд ва он то кунун на танҳо дар муҳити халқи тоҷик, балки дар байни ҳамаи форсизабонони дунё роиҷ мебошад.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт. Маҳз аз баракати озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон доираи васеи хонандагон имкон пайдо намуданд, ки бо китоби басо арзишманди устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» шинос шаванд.

Ба таъкиди Президенти мамлакат, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат, ки ба хотири истиқлолу озодии Ватан хизмати фидокорона кардаанд, ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии мо табдил ёфтааст. Таҷдиду навсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод низ дар доираи ҳамин сиёсат амалӣ гардид ва бо иқдоми имрӯза мо бори дигар рӯҳу равони ин фарзанди бузурги миллати худро шод гардонидем.

«Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ бояд ба як мавзеи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон табдил ёфта, дар он пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шаванд»,- иброз доштанд Сарвари давлат.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисоси «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис медиҳад
Дӯстӣ пойдор бошад, комёбиҳо бештар мегарданд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ
Китоби «Фурӯғи худшиносии миллӣ» ба нашр расид