ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД. Ба ифтихори зодрӯзи Садриддин Айнӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид

Апрель 15, 2024 16:38

ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори зодрӯзи асосгузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар сари турбати шоир, воқеъ дар Боғи ба номи Садриддин Айнии пойтахт маҳфили адабӣ ороста, бо арҷгузорӣ ба хотири неки ин фарзонафарзанди миллат бар пояи тандиси шоир гулчанбар гузоштанд.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, дар маҳфил аз хизматҳои мондагори Устод Садриддин Айнӣ дар рушди адабиёти навини тоҷик ёдовар гардида, донишҷӯён аз осори гаронмояи шоир  ва нависандаи забардаст пораҳо қироат намуданд.

Иброз гардид, ки Садриддин Айнӣ ба майдони адабиёт ба сифати шоир дохил шуд, ки ашъори ӯ моҳияти маорифпарварӣ дошт. Ӯ ба ҳайси муаллими миллати тоҷик ва ба сифати шиносномаи миллати тоҷик дар давраи тақдирсоз зиндагӣ кардааст.

Хизматҳои Устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ӯ ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Апрель 15, 2024 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад