Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир бинобар омилҳои пешгӯинашаванда, бахусус тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он — камобиву хушксолӣ, инчунин болоравии нархи маҳсулоти озуқа таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ торафт мушкил гардида истодааст. Чунин ҳолат моро водор месозад, ки дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҳар як оила сар карда, то муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагиву корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд, ки 10 апрели соли равон дар шаҳри Гулистон доир гардид, хотирнишон намуданд.
«Тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти мамлакати мо, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ идома дошта, илова бар ин, шиддат гирифтани низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни дунё низоми муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла иқтисоди миллии моро таҳти таъсир қарор дода истодааст. Вазъияти ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида, бештар фаъолият намоем ва барои пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тамоми захираву имкониятро истифода барем», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
Сарвари давлат зарур шумурданд, ки мардум бо истифода аз табиати мусоиди мамлакат тамоми захираву имкониятро ба ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҷалб созанд ва истифодаи самараноки онҳо, хусусан обу заминро таъмин намоянд.
Бо назардошти ин омилҳо Президенти мамлакат роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, тамоми хизматчиёни давлатӣ, фаъолон ва умуман аҳли ҷомеаро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ баҳри иҷрои дурнамои кишти зироат, истифодаи самараноки об ва ҳар ваҷаб замин чораҷӯӣ намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






