СОЛИМИИ МИЛЛАТ АЗ ТАФАККУРИ НАСЛИ ҶАВОН ВОБАСТА МЕБОШАД. Андешаҳои Зулфиқор Гулаҳмадзода дар ин мавзуъ

Апрель 2, 2024 16:55

ДУШАНБЕ, 02.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони моро зарур аст, ки ба фарҳангу ахлоқ ва дину оинамон, ки ҳамагӣ моро ба ҳамгироӣ ва арҷгузорию башардӯстӣ ҳидоят менамоянд, такя намоянд. Ахлоқу фарҳанги ниёгон ва мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ дар ҳама ҳолат моро ба инсондӯстӣ, меҳру шавқат ба ҳамдигар, эҳтироми калонсолон, оромӣ, сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллату давлат ва зиндагии шоиста даъват менамояд. Чунин ибрози назар намудааст Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

— Таҷрибаи таърихи башарият исбот намудааст, ки ҷавонон яке аз қишрҳои бисёр муҳиму тақдирсози ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ нақши созандагӣ дошта, сатҳи маърифату ҷаҳонбинии онҳо ба ҷомеа таъсиррасон мебошад. Насли наврасу ҷавон муаррифи миллату давлат дар ҳама давру замон мебошад. Имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳанги ғайримиллӣ зарур аст, ки қабл аз ҳама, ба тафаккур ва маърифати насли навраси миллат диққат диҳем. Солимии миллат ва бақои давлат аз тафаккури насли ояндасози он вобастагии калон дорад. Ҳаводиси охири дар нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон баамаломада имрӯз тамоми ниҳодҳои ҷомеа- аз оила сар карда, то мактабу донишгоҳ ва мақомоти давлатиро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ба раванди рушди тафаккури насли наврас бештар мароқ зоҳир намоянд. Зарур аст, ки дар ниҳоди мафкураи ин қишрҳои ояндасози ҷомеа, қабл аз ҳама, эҳтиром ба падару модар, миллат ва Ватан ҷой карда шавад.

Бо мақсади соҳибмаърифат намудани ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавони мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 32 сол зиёда аз 20 донишгоҳу донишкада бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Имрӯз падару модарро зарур аст, ки ба тақдири ояндаи фарзандашон бетараф набошанду аз шароити мавҷуда самаранок истифода намоянд. Мутаассифона, имрӯзҳо барои дарёфти маблағи ночизе, ки он барои пешбурди муваққатии зиндагӣ аст, аксар ҷавонони мо рӯ овардан ба муҳоҷирати меҳнатиро аз таҳсил намудан дар донишгоҳу донишкадаҳо афзалтар дониста, ба давлатҳои хориҷӣ сафар менамоянд. Дар хориҷи мамлакат аз бетаҷрибагӣ ва тафаккури ҳоло рушднакардаи ҷавонони мо истифода намуда, бо ваъдаҳои бардурӯғ онҳоро ба доми хеш гирифтор месозанд. Дар симои баъзе ҷавонони бетаҷриба, ки ҳоло ҳеҷ арзиши зиндагиро надидаанд, террористу экстремист месозанд. Онҳо аксаран ҷавононе мебошанд, ки на дониши зарурии дунявӣ ва на динӣ доранд, бино бар ин ба бозичаи дасти гурӯҳҳои ифротӣ табдил ёфта, номи худ ва миллатро доғдор менамоянд.

Зимнан, падару модарро дар радифи дигар ниҳодҳои дахлдор зарур аст, ки нисбат ба тақдири фарзанди хеш бетараф набошанд. Фарзанд чӣ гунае, ки аз оила ба ҷомеа ворид мешавад, ҳамон гуна фаъолият менамояд. Созандаи ҷомеа маҳз оилаҳо мебошанд. Ободкунанда ва вайронкунандаи ҷомеа низ оила ба шумор меравад. Тамоми қишрҳои ҷомеа аз оила ба ҷомеа ворид мешаванд. То ворид шудан ба мактабу донишгоҳ волидонро мебояд дар мадди аввал баҳри рушди тафаккури фарзандашон ба ӯ ахлоқу фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷикро омӯзонанд, ки саршор аз ҷаҳонбинӣ ва асолати миллию башардӯстӣ аст. Осори мутафаккирони моро, ки дар шакли хеле омафаҳм эҷод шудаанд, ба фарзандон нақлу тафсир намоянд. Фарзандро дар руҳияи омӯзиши илмҳои дунявӣ, ки кафолати ояндаи босуботи зиндагии шоистаи онҳо мебошад, ба камол расонанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва руҳониён таъкид намуданд, ки «ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, ҳамчунин ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басе арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд».

Дар мадди аввал падару модарони моро, ки барои фарзандон намунаи ибрат мебошанд, зарур аст, ки худ китобхон бошанд. Бо дарку фаҳмишашон аз корномаи беҳтарин фарзандони миллат, ки номашон дар таърих сабт шудааст, ба фарзандон нақл намоянд. Корномаи Куруши Кабир, Спитамен, Деваштиҷ, Абумуслим, Муқаннаъ, Яъқуб ибни Лайс, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум ва садҳо дигарон бояд барои насли навраси мо равшану возеҳ бошад. Насли тоҷик дар пайравӣ аз чунин бузургони миллат бояд ибрат гирифта, дар муаррифӣ ва бақои тоҷикон ҳамчун миллати мутамаддин саҳм гузорад. Омӯзиши фарҳангу таърихи хеш ва арҷгузорӣ ба ин арзишҳои миллӣ имкон медиҳад, ки худшинос ва аз бегонапарастӣ дур бошем. Бегонапарастӣ оқибат ба бардагӣ ва нестӣ мебарад.

Таҷрибаи талхи солҳои 90-уми асри ХХ бори дигар собит намуд, ки баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон боз ҳам руҳониёни ифротгарову бегонапараст дар зери сарпарастии хоҷагони хориҷии худ бо мақсади ба ҳокимият расидан талош намуданд, ки бо шиорҳои исломӣ давлати ҷавони тоҷиконро несту нобуд карда, бо роҳи ба сари мардум бор намудани фарҳанги бегона миллатро бори дигар тобеи дигарон намоянд. Ормони ҳазорсолаи миллат, ки нав амалӣ шуду истиқлол насибамон гардид, қариб буд, ки тавассути бегонапарастии афроди нохалаф аз даст равад. Маҳз хираду маърифати фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллату давлати моро аз вартаи нестшавӣ наҷот бахшид. Маҳз ғалабаи маърифат бар ҷаҳолат боис шуд, ки имрӯз ҳадафҳои миллӣ ва стратегии мо бо суръати хеле баланд амалӣ шаванд.

Дар робита ба таҳаввулоту пайомадҳои ҳаводиси охири ҷаҳонӣ бояд таъкид намуд, ки имрӯз ҳам таҳдиду хатарҳо хеле зиёд ҳастанд ва моро ҳушдор медиҳанд, ки аз ҳарвақта дида бештар баҳри устувории Ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифтаи ҷомеа талош намоем. Бояд гуфт, ки мутаассифона, бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон ҳамроҳшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ҷалб гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир зиёд гардида, нигарониҳои ҷиддӣ ба миён овардааст.

Дар ин давраи тақдирсоз, тавре ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат таъкид гардид, мубаллиғони ташкилоти экстремистии «Салафия» – чанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Арабии Миср барои дар Тоҷикистон ба таври пинҳонӣ амалӣ намудани фаъолияташон ба баъзе муассисаҳои олии таълимӣ ва марказҳои илмӣ ба ҳайси омӯзгор ворид шуда, бо баҳонаи ба гурӯҳи ҷавонон додани таълими динӣ ақидаҳои экстремистиашонро ба онҳо талқин намуда, 124 нафарро ба ташкилоти экстремистиву террористии «Бародарони мусулмон» ҷалб намудаанд.

Ин амалҳо, албатта, аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва хадамоти махсуси баъзе давлатҳо тарҳрезӣ мешаванд ва онҳо аз бемаърифатӣ, бетаҷрибагӣ ва ноогоҳии баъзе ҷавонони мо истифода мебаранд. Дар ин раванд зарур аст, то ҷавонон дарк намоянд, ки оқибати гаравидан ба гурӯҳҳои тундрав, даст задан ба амалҳои террористӣ ва бадном намудани давлату миллат носозгору ногувор аст.

Дар натиҷаи ибрат гирифтан аз бузургони миллат ва таълиму тарбияи солим ҷавонон бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, фаъолияташонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа пеш бурда, бо истифода аз шарту шароити фароҳамовардаи давлат ба омӯзиш ва баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ тавассути аз бар намудани улуми дунявӣ машғул шаванд.

Имрӯз ҷаҳони ислом дар радифи дигар кишварҳои мутамаддин рушд намуда, ба дастовардҳои бузурги илмӣ ва технологӣ мушарраф мегардад. Аксар давлатҳои мусулмоннишин босуръат рушд карда, бо омӯзиши илмҳои муосир ҳатто барои фатҳи кайҳон кӯшиш намуда истодаанд.

Дар робита ба таъкидҳои Пешвои миллат бояд гуфт, ки ҷавонони кишварҳои мусулмонишин имрӯзҳо дар бузургтарин муассисаҳои  олии дунё таҳсил менамоянд.

Мутаассифона, ҳоло ҳам баъзе аз ҷавонони мо бар ивази таҳсил ва аз худ намудани асосҳои илму дониш дар донишгоҳу донишкадаҳо дар фикри таълими асримиёнагии назди руҳонӣ мебошанд. Тавре таъкид гардид, солҳои 2020–2023 дар мамлакат 680 ҳолати ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани 5000 нафар таълимгиранда ошкор гардидааст.

Маҳз бо назардошти ҳолатҳои нигаронкунанда, ки пайомадҳои номатлуб ба бор меоранд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, кумитаҳои кор бо ҷавонон, дин, иттиҳодияҳои динӣ ва дигар ташкилоти ҷамъиятиро вазифадор намуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар тарзу усулҳои муассири пешгирӣ намудани ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва вайронкунии маҳдудияти бо қонун муқарраршударо амалӣ карда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои муассирро дар амал татбиқ намоянд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан аксар давлатҳои исломӣ хуб дарк намудаанд, ки ягона омили наҷотбахши инсоният илм ва рӯ ба илмомӯзӣ овардани насли ҷавон мебошад.

Ҳукумати мамлакат имрӯз бо ҳамин мақсад аз ҳама имконият истифода намуда, ҷавононро ба илму омӯзиш ҳидоят менамояд, то дар оянда зиндагии сазовар ва шоиста насибашон бошад.

Рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа, махсусан падару модар қарор гирад.

Ба наврасону ҷавонон фаҳмонидани эҳтироми падару модар, шахсони калонсол, одобу ахлоқи ҳамида, бахусус, фарҳанги муоширату муомила дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоби оиладорӣ ва бисёр масъалаҳои дигари иҷтимоӣ вазифаи имониву виҷдонии тамоми қишрҳои таҷрибадору худогоҳи мамлакат аст.

Сарвари давлат ба мо, ҷавонон муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки «истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоему дӯстдори Ватан бошем. Мо қабл аз ҳама аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошем, зеро гузаштагони мо – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба суйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд».

Таъкиду пешниҳодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди шароити бисёр ҳассоси ҷаҳонишавӣ ба маврид ва саривақтӣ арзёбӣ мегарданд. Воқеан, ин баромаде саршор аз миллатдӯстӣ ва давлатмеҳварии Пешвои миллат буд, ки дарку фаҳмиши он аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ бисёр муҳим ва зарур аст.  Ин суханронӣ ба замоне рост омад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва манотиқи алоҳидаро зуҳуроти номатлубе, чун бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо таҳдид менамоянд.

Таҷрибаи таърихи башарият ҳушдор медиҳад, ки ягона роҳи ҳифзи манофеи миллӣ дар муқобили чунин таҳдиду хатарҳои рӯзафзун танҳо тафаккури солими миллӣ ва маърифтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Таҷрибаи давлатҳое, ки имрӯз зери таъсири бархӯрди манфиатҳои геосиёсии қудратҳои мушаххаси ҷаҳонӣ гирифтори моҷаро ва буҳронҳои сиёсӣ гардидаанд, далели он аст, ки сабаби асосии ин ҳама- дур шудан аз аслу насаби хеш ва арзишҳои миллӣ аст. Маърифат имкон медиҳад, ки тамоми арзишҳои ҷомеаи инсонӣ ҳифз шуда, дар зиндагии босубот ва шоиста истифода шаванд.

Дар ҷавоб ба ин ҳама имрӯз волидон ва тамоми ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки насли наврасу ҷавонро дар руҳияи миллӣ ва омӯзишу аз худ намудани асосҳои илму маърифат тарбия намоянд. Зеро солимии миллат аз тафаккури насли ҷавон вобаста мебошад.

Зулфиқор ГУЛАҲМАДЗОДА,
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 2, 2024 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад