Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳадафи яке аз лоиҳаҳои грантии Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд мусоидат барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мувофиқат байни нақшаҳои стратегӣ ва буҷетҳои миёнамуҳлат ба воситаи тавсеаи амалияи буҷети барномавӣ мебошад, ки рисолати он дар Душанбе ба охир расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти ин хазина иттилоъ доданд.
Буҷети барномавӣ имкон медиҳад, ки байни хароҷот ва натиҷаҳои барномаҳои давлатии амалишаванда, ки дар асоси ҳадафҳои стратегӣ таҳия шудаанд, робитаи дақиқ таъмин шавад.
Лоиҳаи кумаки техникии «Вусъат додани татбиқи принсипҳои буҷаи барномавӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои татбиқи он Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд дар асоси бебозгашт ҷудо намудани 1,6 миллион доллари амрикоиро ба нақша гирифтааст, аз якчанд ҷузъҳо иборат аст. Аз ҷумла, бо маблағҳои Хазина заминаи зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ба манфиати давлат ва системаи нишондиҳандаҳои ғайримолиявӣ барои васеъ ва баланд бардоштани сифати татбиқи буҷети барномаҳо таҳия карда мешавад. Кормандони вазорату идораҳое, ки ба равандҳои буҷетӣ машғул мебошанд, аз омӯзиш мегузаранд.
Татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон мутобиқати байни нақшаҳои стратегӣ ва буҷетҳои миёнамуҳлат, аз ҷумла тавассути гузариш аз принсипи маблағгузории нақшавӣ ба барномаи мақсаднокро, ки ба натиҷаи мушаххас нигаронида шудааст, афзоиш медиҳад.
Дар ҷараёни сафар ба Душанбе кормандони Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд бо намояндагони Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд вохӯрӣ доир намуданд. Вазъи ҷории иҷрои барномаҳои тасдиқшудаи буҷетӣ, тадбирҳои аввалиндараҷа барои тавсеаи татбиқи буҷети барномавӣ дар мамлакат ва баланд бардоштани сифати он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Илова бар ин, бо шарикон аз институтҳои рушд гуфтушунид доир шуд, ки зимни он равишҳои ҳамкорӣ дар таҳияи буҷети барномавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак мушаххас карда шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати муассиси Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд маҳсуб мешавад. Давоми фаъолияти хазина барои тараққиёти мамлакат қариб 240 миллион доллар ҷудо карда шуд. Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», таҷдиди шабакаҳои обёрӣ, барномаи “Корвони саломатӣ” барои пешгирии бемориҳо дар минтақаҳои душворгузар, дастгирии буҷет дар давраи пандемияи COVID-19, хароҷоти иҷтимоӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ аз ҷумлаи ин лоиҳаҳо мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






