Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд

Апрель 23, 2024 18:21

ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳадафи  яке аз лоиҳаҳои грантии Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд мусоидат барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мувофиқат байни нақшаҳои стратегӣ ва буҷетҳои миёнамуҳлат ба воситаи тавсеаи амалияи буҷети барномавӣ мебошад, ки рисолати он дар Душанбе ба охир расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти ин хазина иттилоъ доданд.

Буҷети барномавӣ имкон медиҳад, ки байни хароҷот ва натиҷаҳои барномаҳои давлатии амалишаванда, ки дар асоси ҳадафҳои стратегӣ таҳия шудаанд, робитаи дақиқ таъмин шавад.

Лоиҳаи кумаки техникии «Вусъат додани татбиқи принсипҳои буҷаи барномавӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои татбиқи он Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд дар асоси бебозгашт ҷудо намудани 1,6 миллион доллари амрикоиро ба нақша гирифтааст, аз якчанд ҷузъҳо иборат аст. Аз ҷумла, бо маблағҳои Хазина заминаи зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ба манфиати давлат ва системаи нишондиҳандаҳои ғайримолиявӣ барои васеъ ва баланд бардоштани сифати татбиқи буҷети барномаҳо таҳия карда мешавад. Кормандони вазорату идораҳое, ки ба равандҳои буҷетӣ машғул мебошанд, аз омӯзиш мегузаранд.

Татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон мутобиқати байни нақшаҳои стратегӣ ва буҷетҳои миёнамуҳлат, аз ҷумла тавассути гузариш аз принсипи маблағгузории нақшавӣ ба барномаи мақсаднокро, ки ба натиҷаи мушаххас нигаронида шудааст, афзоиш медиҳад.

Дар ҷараёни сафар ба Душанбе кормандони Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд бо намояндагони Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд вохӯрӣ доир намуданд. Вазъи ҷории иҷрои барномаҳои тасдиқшудаи буҷетӣ, тадбирҳои аввалиндараҷа барои тавсеаи татбиқи буҷети барномавӣ дар мамлакат ва баланд бардоштани сифати он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Илова бар ин, бо шарикон аз институтҳои рушд гуфтушунид доир шуд, ки зимни он равишҳои ҳамкорӣ дар таҳияи буҷети барномавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак мушаххас карда шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати муассиси Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд маҳсуб мешавад. Давоми фаъолияти хазина барои тараққиёти мамлакат қариб 240 миллион доллар ҷудо карда шуд. Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», таҷдиди шабакаҳои обёрӣ, барномаи “Корвони саломатӣ” барои пешгирии бемориҳо дар минтақаҳои душворгузар, дастгирии буҷет дар давраи пандемияи COVID-19, хароҷоти иҷтимоӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ аз ҷумлаи ин лоиҳаҳо мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 23, 2024 18:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд