Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд маросими ботантанаи ба шаҳр додани мақоми «Пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Kazinform хабар доааст.
Дар маросими тантанавӣ роҳбарони ҳайатҳои Узбекистон, Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Қарор дар бораи он, ки маҳз шаҳри Тошканд аввалин пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб мешавад, 8 июни соли 2023 дар Сочи дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаи байналмилалии «Пойтахти ҷавонони ИДМ» қабул карда шуд.
Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ба ташкилкунандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ пайғом фиристод. Ӯ ишора намуд, ки ҳамасола дар фазои Иттиҳод ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ такмил ёфта, лоиҳаҳо ва барномаҳои нав ба миён меоянд.
«Яке аз чунин лоиҳаҳое, ки ба муттаҳид сохтани талошҳои давлатҳои Иттиҳод дар соҳаи кор бо ҷавонон, табодули таҷриба дар масъалаҳои рушди иқтидори ҷавонон ва такмили ҳамкории байналмилалии ҷавонон равона шудааст, лоиҳаи «Пойтахти ҷавонони ИДМ» мебошад, — изҳор дошт Сергей Лебедев.
Муовини роҳбари котиботи Шурои кор бо ҷавонони давлатҳои иштирокчии ИДМ Татяна Ковалева ба ҳокимияти пойтахт шаҳодатнома дар бораи додани мақоми нав ба Тошкандро супорид.
Соли 2025 пойтахти нави ҷавонони Иттиҳод шаҳри Габалаи Озарбойҷон мегардад, соли 2026 ин мақом ба шаҳри Капани Арманистон дода мешавад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Kazinform








14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






