Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Одил Рено-Бассо мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот намуд. Таъкид шуд, ки давоми 30 соли ҳамкорӣ ҳаҷми маблағгузориҳои Бонк ба Тоҷикистон қариб ба як миллиард евро расидааст.