Ба саҳифаи асосӣ

Фотогалереяҳо

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Одил Рено-Бассо мулоқот намуд

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Одил Рено-Бассо мулоқот намуд

🕔21:20, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот намуд. Таъкид шуд, ки давоми 30 соли ҳамкорӣ ҳаҷми маблағгузориҳои Бонк ба Тоҷикистон қариб ба як миллиард евро расидааст.

Матни пурра
Дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

🕔20:24, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мавзеи Хуррамзамини ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм ва воситаҳои парвози сабуки Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ “Ховар” дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши

Матни пурра
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд

🕔19:23, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз рӯи усули «Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Дӯст

Матни пурра
ҲАФТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ бо иқдоми «Амонатбонк» ҳамоиши омӯзишӣ доир гардид

ҲАФТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ бо иқдоми «Амонатбонк» ҳамоиши омӯзишӣ доир гардид

🕔18:41, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо иштироки занони фаъол, ҳунармандон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ташаббуси Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамоиши

Матни пурра
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд

Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд

🕔18:10, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». Зимни он ғолибон бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2,

Матни пурра
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд

Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд

🕔17:55, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар вазъи обхезиҳо дар Қазоқистон дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд. Дар ин хусус зимни брифинг намояндаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон Аскар Шарип хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». «Дар ҷумҳурӣ аз

Матни пурра
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд

МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд

🕔17:33, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади таҳлилу баррасии фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид, ки зимни он фарорасии моҳвораи ҷавонон эълон карда шуд. Дар ин хусус

Матни пурра
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти пахта 90 фоиз иҷро гардид

Дар Тоҷикистон нақшаи кишти пахта 90 фоиз иҷро гардид

🕔17:14, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. То охири моҳи апрели имсол кишоварзони мамлакат дар 165 ҳазору 457 гектар кишти пахта гузарониданд, ки 89 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон

Матни пурра
Масъалаи рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон дар Риёз баррасӣ гардид

Масъалаи рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон дар Риёз баррасӣ гардид

🕔16:58, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рушди соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар ин самт то имрӯз тадбирҳои назаррас амалӣ шуданд. Ин нуктаро Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ

Матни пурра
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд

Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд

🕔16:40, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар Бангладеш бар асари гармои шадид 10 нафар ҳалок гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзномаи «The Dhaka Tribune» хабар додааст. Ҳарорат дар 17 минтақаи ин ҷумҳурии

Матни пурра
Тоҷикистон  ва Нидерланд баргузории Конфронси сеюми оби Душанберо муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд

Тоҷикистон ва Нидерланд баргузории Конфронси сеюми оби Душанберо муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд

🕔16:29, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд Нико Схермерс мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Матни пурра
DUSHANBE  GRAND SLAM 2024. Аз Тоҷикистон дар ин  мусобиқа   37 ҷудочӣ  иштирок менамоянд

DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 37 ҷудочӣ иштирок менамоянд

🕔16:05, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон маротибаи аввал мизбони мусобиқаи байналмилалӣ- Гранд Слами Душанбе оид ба гӯштини ҷудо мешавад. Дар ин хусус дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мусобиқаи байналмилалӣ — Гранд Слами Душанбе оид ба гӯштини ҷудо

Матни пурра

БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!

🕔15:59, 1.Май 2024

Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мақомоти ваколатдор) ва ташкилотҳои харидор довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмунҳои хариди номгӯи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешаванд, даъват менамоянд: МАТНИ ПУРРА

Матни пурра
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи такмили  конструксияҳои мошинҳои сохтмону роҳсозӣ баррасӣ гардид

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи такмили конструксияҳои мошинҳои сохтмону роҳсозӣ баррасӣ гардид

🕔15:47, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар мавзуи «Масъалаҳои такмили конструксияҳои мошинҳои сохтмону роҳсозӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ. Конференсияи илмӣ ба эълон гардидани

Матни пурра
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид

🕔15:36, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он  созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди

Матни пурра
Дар Душанбе бо мақсади тавсеаи фаъолият дар самти кор бо занон ва оила ҷаласаи сайёр баргузор шуд

Дар Душанбе бо мақсади тавсеаи фаъолият дар самти кор бо занон ва оила ҷаласаи сайёр баргузор шуд

🕔15:20, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади тавсеа бахшидани фаъолият дар самти кор бо занон ва оила, иҷрои барномаҳои соҳавӣ, тақвият бахшидани

Матни пурра
Тоҷикистон ва  Индонезия ҳавасмандиашонро ба таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд

Тоҷикистон ва Индонезия ҳавасмандиашонро ба таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд

🕔14:51, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия Ардашер Қодирӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия Ретно Марсудӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Матни пурра
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид

Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид

🕔14:18, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар як моҳи охир дар Кения 169 нафар бинобар пайомадҳои бориши шадид ва обхезӣ ҳалок шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии Reuters бо истинод ба вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст. Танҳо

Матни пурра
«ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ ВА ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ». Дар  Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии  Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

«ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ ВА ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

🕔13:49, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони ««Шоҳнома» – и Фирдавсӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин

Матни пурра
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид

«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид

🕔13:30, 1.Май 2024

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад»  ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад. Бояд гуфт,

Матни пурра

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Май 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Апр    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-