35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази саломатии деҳоти Гулистон ба истифода дода шуд

Май 11, 2024 20:00

ВАҲДАТ, 11.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бинои Маркази саломатии деҳоти Гулистон пас аз таъмири пурра  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Бинои маркази саломатӣ фарсуда гардида, ба таъмири пурра ниёз дошт. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ бинои Маркази саломатии деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат таъмири пурра ва  бо дастгоҳу лавозимоти зарурии тиббӣ таъмин гардид. Ҳоло дар он  барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ин маркази саломатӣ 17  корманд фаъолият дошта, дар сохтори он се бунгоҳи саломатӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад.

Ҳадаф аз бунёди ин иншоот ҳифзи саломатии мардум ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Май 11, 2024 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад