Дар доираи Форуми тиҷоратӣ имконият ва фазои сармоягузории Тоҷикистон ба доираҳои соҳибкории Ҷопон муаррифӣ шуд

Май 20, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон ва Ҷопон – уфуқҳои ҳамкории сармоягузорӣ дар иқтисоди «сабз»»- таҳти чунин унвон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ва дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ Форуми тиҷоратӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар форум роҳбарону масъулини вазорату идораҳои давлатӣ, доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфуз аз Тоҷикистон ва Ҷопон, дар маҷмуъ беш аз 200 нафар иштирок намуданд.

Дар ҷараёни форум ба соҳибкорони ҷопонӣ имконият ва фазои сароягузории мамлакат дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардида, аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ лоиҳаҳои афзалиятнок ба ҷониби ҷопонӣ барои ҳамкорӣ пешниҳод шуданд.

Инчунин коршиносони ҷопонӣ доир ба таҳкими ҳамкории иқтисодиву сармоягузорӣ байни ду давлат ибрози назар намуданд. Тақвият ва густариши ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ дар заминаи муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дарёфти роҳҳои нави амалӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак аз ҳадафҳои асосии форум буд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 20, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад