Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масуният ва бемории сил барои солҳои 2024-2026 дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ-муовини Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди Бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа масоили муҳими ин самтро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо инчунин доир ба таъсис додани Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Хазинаи глобалӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли камбудиҳои дар раванди амалишавии грантҳои Хазинаи глобалӣ баамалоянда мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






