Дар ноҳияи Мастчоҳ даъват ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ пеш аз муҳлат иҷро гардид. Дар ин хусус раиси комиссияи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ Музаффар Азиззода иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Музаффар Азиззода афзуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард буда, он мактаби бузурги мардонагиву ватандӯстӣ маҳсуб мешавад. Саҳмгузорӣ дар татбиқи амру фармонҳои Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусалллаҳи мамлакат ва пурзӯр намудани тарбияи ахлоқию ватандӯстии ҷавонони синни даъватӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар самти мудофиа ва ҳимояи ватан ва марзу буми мамлакат мебошад. Мо изҳори боварӣ менамоем, ки наваскарон Ватанро бо матонату шуҷоат ҳифз намуда, хизмати онро содиқонаву сарбаландона адо намуда, ба назди падару модарон бармегарданд.
Бояд гуфт, ки беш аз 35 шаҳрванди синни даъватӣ, ки довталабона ба хизмати ҳарбӣ рафтанд, дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ даври омӯзишии ройгонро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардиданд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд






