«ДАР СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ УСТУВОРЕМ!». Таҳти чунин унвон дар вилояти Хатлон чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон доир мешаванд

Май 15, 2024 13:48

ДУШАНБЕ, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Дар сиёсати Пешвои миллат устуворем!» — таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  дар доираи моҳвораи ҷавонон чорабиниҳо баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар доираи чорабиниҳои моҳвораи ҷавонони вилоят барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳо, ҳамоишҳои минтақавии гирандагони Стипендияи президентӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, ташкили тамошои дастҷамъонаи намоишҳои театрӣ ва саёҳати ҷавонон ба мавзеъҳои таърихӣ, ёдгориҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо, вохӯриҳо бо ҷавондухтарони ятим ва онҳое, ки тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳу коллеҷҳо таҳсил доранд, конфронси илмӣ-назариявӣ ва якчанд мусобиқаи варзишӣ баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 23 майи  соли  1997  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон  «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки  23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2024 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад