Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз раъду барқ, жола ва шамолҳои бошиддат ҳушдор медиҳад

Май 2, 2024 17:07

ДУШАНБЕ, 02.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат аз  ҳавои номусоиди рӯзҳои 4 ва 5 май, аз ҷумла  раъду барқ, жола ва шамоли бошиддат дар ҷумҳурӣ хабар дода, ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар тариқи ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ ва  сайру гашт худдорӣ намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

4-5 май дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон, Ёвону Хуросон, инчунин дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориш зиёд мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ​​ва жола ба амал омада, суръати шамол то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.

3 май дар якчанд ноҳияи кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, аксар ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб), инчунин дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел дар назар аст.

Дар ин рӯзҳо аз ҳисоби бориш дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Ҳамчунин Кумита  барои пешгирии оқибатҳои сел аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки тамоми заҳбуру ҷӯйборҳои назди манзили зисташонро тоза намоянд.

Инчунин  барои ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо аз ронандагоне, ки мошинҳои сиёҳшиша доранд, даъват карда мешавад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд намоянд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 2, 2024 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд