Намояндаи Тоҷикистон дар Португалия дар ҳамоиш оид ба мудирият ва устуворӣ дар фаъолияти кайҳон иштирок намуд

Май 21, 2024 18:55

ДУШАНБЕ, 21.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 14-15 май дар шаҳри Лиссабони Португалия таҳти унвони «Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид/Португалия роҷеъ ба мудирият ва устуворӣ дар фаъолияти кайҳонӣ» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбари шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии Институти астрофизикаи Академия, коршинос-кайҳоншиноси маъруф дар арсаи ҷаҳонӣ Гулчеҳра Қоҳирова иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш аз ҷониби Кумитаи фаъолияти кайҳонии Созмони Милали Мутаҳид (UNOOSA) ва Агентии кайҳонии Португалия ташкил ва амалӣ гардид, ки дар кори он коршиносони беш аз 50 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар кори ҳамоиш масъалаҳои барои тамоми башарият муҳим оид ба ояндаи идоракунии фаъолияти кайҳонӣ, истифодаи баробари дастовардҳои технологияҳои кайҳонӣ ва рушди устувор ҷамъият баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, Гулчеҳра Қоҳирова ҳамчун намояндаи Тоҷикистон доир ба мавқеи мамлакат дар масъалаҳои истифода ва таҳқиқи фазои кайҳонӣ сухан гуфт.

Мавсуф таъкид дошт, ки “мо аҳамияти ҳаётан муҳими стратегияи дурнамо барои тасдиқ ва таҳкими саҳми фаъолияти кайҳонӣ ва технологияҳои кайҳонӣ дар ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устуворро эътироф менамоем. Ва дар ин бобат мо бартарии чунин имконияти кайҳонӣ, монанди илмро махсусан иброз медорем. Мо боварӣ дорем, ки идоракунии самарабахши фаъолияти кайҳонӣ ба инсоният имкон медиҳад, ки илмҳои дақиқро дар сатҳи тамоман нав омӯзад ва барои кашфиёту комёбиҳои нав шароит фароҳам оварад. Ин пешрафт ҷузъи гендерӣ низ дорад, зеро он, бешубҳа, иштироки бештари занонро дар илм, технология, муҳандисӣ ё риёзӣ таъмин мекунад. Маҳз ҳамин соҳаҳо имрӯз низ бо мушкилоти баробарии гендерӣ рӯбарӯ ҳастанд».

Проблемаҳои мавҷудаи кайҳонӣ, ба монанди ҳамоҳангсозии ҳаракати кайҳонӣ, партовҳои кайҳон, захираҳои кайҳонӣ ва ғайра ояндаи наздик ба фаъолияти осоиштаи инсон дар кайҳон таъсири калон расонида метавонанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд онҳоро эътироф кунад ва дар бартараф кардани онҳо ё кам кардани хатарҳо саъю кӯшиши муштарак намояд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон объектҳои интихобшудаи партовҳои кайҳониро назорат мекунад ва саҳми академияи мо дар таҳияи механизм ё мақомоти байналмилалии мониторинги партовҳои кайҳонӣ ё осон кардани бартарафкунии он арзишманд буда метавонад.

Ҳамзамон иброз гардид, ки мушкилоти дигар ба истихроҷи маъдан бо вуҷуд доштани захираҳо дар ҷисмҳои осмонӣ, ба монанди Моҳ, сайёраҳо ва астероидҳо вобастагӣ дорад. Астероидҳо дар системаи офтобии мо дорои металлҳои қиматбаҳо буда, метавонанд барои сармоягузорӣ хизмат намоянд. Дар ин маврид Академияи миллии илмҳо ба воситаи таҷрибаи худ дар бобати омӯхтани пайдоиш ва табиат, аз ҷумла минералогияи астероидҳо ҳиссаи калон гузошта метавонад.

Дар фарҷом пешниҳоду масъалаҳои баррасишуда бо саволу ҷавобҳои муфид ба манфиати давлатҳо матраҳ гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар раванди сиёсати давлатии «дарҳои кушода» олимони мамлакат имкон пайдо намуданд, ки натиҷаҳои корашонро дар маърази байналмилалӣ гузоранд. Дар ин маврид олимон аз дастгирию мусоидати ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ менамоянд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии Гулчеҳра Қоҳирова

 

Май 21, 2024 18:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» ифтитоҳ ёфт
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе нишасти матбуотӣ доир шуд
Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Гӯшаи китоби Покистон» ба истифода дода шуд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Рим осорхонаи Леонардо да Винчиро тамошо намуданд
Имрӯз дар Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбанд
Дар Рӯзҳои кинои тоҷик дар Беларус се филми ҳунарӣ намоиш дода мешавад
Вазири корҳои хориҷӣ ва ҷамъиятҳои Ҷумҳурии Сейшел дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус намоишгоҳи рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд