Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ дар ноҳияи Данғара муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мусобиқаи кушоди анъанавии ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) бо иштироки варзишгарони дохилию хориҷӣ аз рӯи се вазн- 65кг, 86кг ва +86кг дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар мусобиқа паҳлавонони тоҷик Шакармаҳмад Мирмамадов, Умар Расулов, Суҳроб Боқиев, Хайрандеш Муродзода, Сорбон Латифов, Абубакр Боқиев, Муҳаммадҷон Лоиқов, Мирзоҷамил Рамазонов, Субҳиддин Халилзода, инчунин варзишгарони Узбекистон Бекмурод Олтибоев, Муҳсин Исомиддинов ва дигарон иштирок карда, бо ҳарифонашон рақобат намуданд.
Сарпарастони мусобиқа Клуби футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон буданд.
Ғолибони мусобиқаи анъанавӣ оид ба гӯштингирӣ дар ноҳияи Данғара
65 кг
1. Сӯҳроб Боқиев (Тоҷикистон)
2. Хайрандеш Муродзода (Тоҷикистон)
3. Артём Штурбабин (Узбекистон)
3. Сорбон Латифов (Тоҷикистон)
86 кг
1. Аҳрор Зиёдуллоев (Узбекистон)
2. Самандарбек Садиров (Узбекистон)
3. Умар Бозоров(Узбекистон)
3. Муҳаммадҷон Лоиқов (Тоҷикистон)
+86 кг
1. Бекмурод Олтибоев (Узбекистон)
2. Муҳсин Исомиддинов (Узбекистон)
3. Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)
3. Антон Брачов (Русия)
Ба ғолибони ҷойи якуми мусобиқа 5000$, ҷои дуюм 3000$ ва ҷойҳои сеюм 1500$ тақдим карда шуд.
Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд











Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






