Президенти Тоҷикистон аз шумораи кам ва ба талабот ҷавобгӯ набудани паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат изҳори нигаронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат, ки 30 май дар Душанбе доир гардид, аз шумораи кам ва ба талабот ҷавобгӯ набудани паркҳои технологӣ дар мамлакат изҳори нигаронӣ намуданд.
Сарвари давлат афзуданд, ки «ҳоло дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамагӣ 24 парки технологӣ амал мекунад. Илова ба хеле кам будани чунин паркҳо фаъолияти онҳо ба талабот ҷавобгӯ набуда, аксарашон ба ном вуҷуд доранд. Аз ин рӯ, бо назардошти ин вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки барои ба талаботи замон мувофиқ намудани фаъолияти паркҳои технологӣ то охири имсол тадбирҳои дахлдор андешанд».
Гуфта шуд, ки баҳри вусъат бахшидан ба корҳои амалӣ ва ихтироъкориву навоварӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» қабул гардид, ки беш аз даҳ сол инҷониб амал мекунад. Инчунин соли 2021 паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат аз андоз озод гардида, ба онҳо иловатан якчанд имтиёз дода шуд.
Пешвои миллат илова намуданд, ки дар бисёр кишварҳо дар асоси таҷҳизоту молҳои воридшаванда бо мутобиқ кардани онҳо ба шароит ва талаботи дохилӣ таҷҳизоту молҳои худӣ истеҳсол ва бо ин роҳ воридотро иваз мекунанд. Барои чӣ дар ҳамкорӣ байни паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Академияи миллии илмҳо ва корхонаҳои саноатии кишвар истеҳсоли баъзе таҷҳизот ва молҳое, ки мо бо пардохти асъори хориҷӣ ворид мекунем, худамон дар дохил ба роҳ монда наметавонем?
Гуфта шуд, ки вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки барои ба талаботи замон мувофиқ намудани фаъолияти паркҳои технологӣ ва вобаста кардани онҳо ба корхонаҳои истеҳсолии алоҳидаи кишвар то охири имсол тадбирҳои дахлдор андешанд.
Инчунин Сарвари давлат Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакатро вазифадор намуданд, ки ин масъаларо таҳти назорат гирифта, бо таъсиси комиссияи махсус самаранокии хароҷоти маблағҳои аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти олӣ давоми даҳ соли охир барои паркҳои технологӣ ҷудогардидаро таҳлил карда, корҳои то охири сол амалишавандаро натиҷагирӣ намояд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






