РӮЗИ ҶАВОНОН ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба он ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд

Май 23, 2024 17:55

МУЪМИНОБОД, 23.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон мамлакати ҷавонон буда, бо назардошти саҳм ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва давлат ин қишр дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи авлавиятнок дорад. Аз ин рӯ ҷавононро зарур аст, ки ҳарчи бештар дар пешрафти ҷомеа саҳм гузоранд ва Ватанамонро муҳофизат намоянд.

Ҷавонон бояд бештар ба варзиш ва обу тоби бадан машғул гарданд. Бояд гуфт, ки 60% аҳолии ноҳияи Муъминободро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо ҳамасола дар мусобиқаҳои варзишӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳоро соҳиб мешаванд, ки ин мояи ифтихори сокинони ноҳия мебошад.

Дар анҷоми барнома аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба як зумра фаъолон ва варзишгарони ҷавон Ифтихорнома тақдим гардид. Инчунин ба хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия стипендияи раиси ноҳия супорида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 23, 2024 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад