СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 10.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти вилояти Суғд дар маҳаллаи сеюми шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои сохтмони коргоҳи нави саноатӣ шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Коргоҳи коркарди гӯшти мурғ ва истеҳсоли ҳасиб дар масоҳати 1 гектар бунёд шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи якум то 60 нафар соҳиби ҷойи кор мегардад. Раванди истеҳсолот аз чанд марҳала гузашта, нахуст коркарди гӯшти мурғ амалӣ мешавад. Дар марҳилаи дуюм истеҳсоли ҳасибҳои гуногун амалӣ шуда, боз то 50 нафари дигар ба кор ҷалб мегарданд.
Ташкили коргоҳи нав ба манфиати кор арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат бояд аз тамоми имконият истифода бурд. Ҳамзамон таъсиси ҷойҳои нави кор ба баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Раиси вилоят дар маҳаллаи Бофандаи шаҳри Хуҷанд бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пойафзоли муосир» шинос шуд.
Корхона дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз Федератсияи Русия сохта шуда, дар он 50 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд. Ашёи хом аз Русия ворид гардида, дар як баст то 50 ҷуфт пойафзол истеҳсол мегардад, ки маҳсулот содиротӣ мебошад.
Барои васеъ намудани доираи фаъолият, ба роҳ мондани коркарди пӯст, зиёд намудани навъҳои пойафзоли истеҳсолшаванда ва тақвияти неруи содиротӣ масъулин вазифадор гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд






