СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ифодагари ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мардуми Тоҷикистон аст

Май 19, 2024 14:48

ДУШАНБЕ, 19.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми муҳим ва арзишманд буда, метавонад дар такмил ва танзими қонунгузории мамлакат, баланд бардоштани донишу тафаккури ҳуқуқии шаҳрвандон, қонуният, баробарӣ ва адолат асоси воқеӣ гузорад.

Дар ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» таъсис дода шудааст, ки ҳадаф аз он расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ, муайян кардани модели самаранок ва камхарҷтар оид ба ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа, инчунин муқаррар кардани механизми муносиб барои расонидани ёрии ҳуқуқии ихтисосноки дуюмдараҷа мебошад.

Дар мавриди то кадом андоза бархурдор шудани аҳолӣ аз ёрии ҳуқуқӣ ва кафолати таъмини шаҳрвандон бо адвокатҳо таваҷҷуҳ намоед ба мусоҳибаи АМИТ «Ховар» бо муовини директори  Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Раҳим.

АМИТ «Ховар»: Низоми ёрии ҳуқуқие, ки имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад, дар асоси кадом қонуну санадҳо ба миён омадааст?

Зафар Раҳим: Барои бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули маърифати ҳуқуқӣ арзиши баланд дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намуданд: «Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад».

Қабул шудани Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон, ки воридкунандаи андеша, афкор, арзиш ва усули комилан нави давлатдорию ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад, бори аввал дар таърихи ҳуқуқэҷодкунии мамлакат зарурати қабули як силсила қонунҳои конститутсиониро пешбинӣ намуд. Таҳия ва қабули кодексҳои гражданӣ, меҳнат, манзил, ҷиноятӣ, андоз, гумрук ва ғайра, ки поясутуни соҳаҳои ҳуқуқ мебошанд, дар мазмуну муҳтавояшон тамоми андешаҳои ҳуқуқи муосирро, ки онҳо аз умқи таърихи афкори мутараққии башар илҳом мегиранд, инъикос намудаанд. Дар таҳия ва қабули ҳамаи ин санадҳо Вазорати адлияи Тоҷикистон саҳми бевосита дорад.

Ҳадафи низоми ёрии ҳуқуқие, ки имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба шумор меравад. Низоми мазкур дар асоси қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба миён омадааст. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санади байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонд, аз ҷумла Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ. Дар моддаи 14-и ин Паём, ки ба адолати судии ҷиноятӣ бахшида шудааст, расонидани ёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла кафолати таъмин намудани ёрии ҳуқуқӣ дарҷ ёфтааст. Дар он омадааст, ки «агар нафаре, ки ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ниёз дошта бошад, аммо имконияти пардохти хизматрасонӣ надошта бошад, ба вай ёрии ҳуқуқӣ бояд кафолат дода шавад».

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 19 оварда шудааст, ки «ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода намояд». Дар моддаи 92 гуфта шудааст, ки «ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад», яъне таъмин намудани ёрии ҳуқуқӣ ҳамчун кафолат пешбинӣ гардидааст. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ якчанд корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Пеш аз ҳама, дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-017 пешбинӣ гардид, ки Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқӣ бояд таҳия ва пешниҳод карда шавад. Ин Консепсия аз ҷониби Вазорати адлия таҳия ва пешниҳод шуд ва бо Қарори Ҳукумати мамлакат аз соли 2015 Консепсия қабул гардид ва барои амалӣ гардидани он дар назди Вазорати адлия Муассисаи давлатии Маркази ёрии ҳуқуқӣ таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсиси он, пеш аз ҳама, амалӣ намудани консепсия ва рушди минбаъдаи низоми ёрии ҳуқуқӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Муроҷиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Маркази ёрии ҳуқуқӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

Зафар Раҳим: Дар заминаи амалинамоии Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҷумҳурӣ 4 июли соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» қабул гардид, ки он муносибатҳоро дар ин самт ба танзим медарорад. Маркази ёрии ҳуқуқӣ дар асоси Консепсия ва қонуни болозикр фаъолиятро идома дода, имрӯз дар 50 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ фаъолияти ҳуқуқшиносони давлатиро амалӣ намудааст. Муассиса аз соли 2016 инҷониб тавонист ба зиёда аз 118 ҳазор шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгон расонад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» бори аввал ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа пешбинӣ гардид.

Бояд изҳор намуд, ки ёрии ҳуқуқии якумдараҷа шакли хизматрасонии ҳуқуқие аст, ки ба шахсони воқеӣ бо роҳҳои фаҳмондадиҳии ҳуқуқу уҳдадориҳо, маслиҳатдиҳӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор расонида мешавад. Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа  шакли хизматрасонии ҳуқуқие аст, ки аз тарафи давлат кафолат дода шуда, дар асос ва бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ аз ҷониби адвокат ва ҳуқуқшиноси давлатӣ амалӣ карда мешавад. Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар мамлакат аз соли 2017 дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ амалӣ гардидааст.

Тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа чунин аст, ки Муассисаи давлатии Маркази ёрии ҳуқуқӣ бо Иттифоқи адвокатҳо ҳамкорӣ намуд ва адвокатҳое, ки бо Марказ шартнома доранд, дар асоси шартнома ин намуди ёрии ҳуқуқиро мерасонанд. Ҳаққи хизмати онҳо аз ҷониби Марказ пардохт карда мешавад. Сараввал дар вилояти Суғду Хатлон ва соли 2021 доираи расонидани ин намуди ёрии ҳуқуқӣ васеъ карда шуд. Имрӯз дар тамоми мамлакат ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ расонида мешавад. Агар ба таҳлили оморӣ назар кунем, дар доираи зиёда аз 400 парвандаи ҷиноятӣ ба он нафароне, ки ба категорияи гирандагони ёрии ҳуқуқии ройгон дохил мешаванд, ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа расонида шудааст.

АМИТ «Ховар»: Саҳми ҳуқуқшиносони давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чӣ гуна аст?

Зафар Раҳим: Дар низоми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ расонидани ёрии ҳуқуқӣ нақши калидӣ дорад. Дар натиҷаи таҳлили фаъолияти чандинсола дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ гуфта метавонем, ки ёрии ҳуқуқӣ дар намудҳои пешниҳоди иттилооти ҳуқуқӣ ба аҳолӣ бо роҳи ҷаласаҳои иттилоотии ҳуқуқии сайёр, пешниҳоди маслиҳат, таҳияи ҳуҷҷат ва ғайра ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад. Дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми ҳуқуқшиносони давлатӣ хеле назаррас мебошад. Дар баробари додани маслиҳат ва навиштани аризаҳои хаттӣ ба шаҳрвандон, ҷаласаҳои сайёре, ки вобаста ба ин ё он мавзуи ҳуқуқӣ ҳуқуқшиносони давлатӣ мегузаронанд, пас аз таҳлили пурсишномаҳо муайян карда мешавад, ки дониши ҳуқуқии иштирокчиён дар мавзуи ҳуқуқии гузаронида аз 33% то 38% боло рафтааст.

Бояд гуфт, ки аз рӯйи нақшаи чорабиниҳои Вазорати адлия ва Марказ ҳам ҳуқуқшиносони давлатӣ ва ҳам кормандони дастгоҳи марказии Муассиса ҳамасола дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ҷаласаҳои  иттилоотии ҳуқуқии сайёр доир менамоянд. Он нафароне, ки дар ин ҷаласаҳо иштирок мекунанд, аз ҳуқуқу уҳдадориҳояшон бархурдор мегарданд. Зимни ин гуна суҳбату вохӯриҳо дар мавзуъҳои гуногуни мубрами ҳуқуқӣ ҳуқуқшиносони давлатӣ масъалаҳои ҳуқуқиро матраҳ месозанд.

Дар низоми ёрии ҳуқуқие, ки онро амалӣ мекунем ва аз рӯи таҳлили оморие, ки мо дар даст дорем, ҳамаи он муроҷиат ва дархостҳое, ки ба мо мерасанд, дар муассиса мавриди таҳлил ва мониторинг қарор мегиранд. Тибқи таҳлили мо метавон гуфт, ки  аз ҳама бештар муроҷиатҳои шаҳрвандон ба самти ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқҳо вобаста ба замин, моликият, таъминоти ҳифзи иҷтимоӣ рабт доранд. Аксарияти муроҷиатҳо аз ҳисоби занҳо аст, ки ин 65 фоизи муроҷиатҳоро аз шумораи умумӣ ташкил медиҳанд. Агар аз рӯи тақсимоти шуғл гирем, нафарони муроҷиаткунанда ба категорияе дохил мешаванд, ки шуғл надоранд ва чун шахси бешуғл ба қайд гирифта шудаанд. Онҳо дар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолият надоранд.

АМИТ «Ховар»: Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Шумо дар ин маврид чӣ назар доред?

Зафар Раҳим: Маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин омиле аст, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсир мерасонад. Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯза қарор додани меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ аст, ки ин сабаб мегардад маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад. Ҳамзамон сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарорандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.

Дар Соли маърифати ҳуқуқӣ (2024) кормандони Маркази ёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳуқуқшиносони давлатӣ барои баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бо роҳи гузаронидани ҷаласаҳои иттилоотии ҳуқуқии сайёр, расондани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа бо пешниҳоди маслиҳат ва фаҳмондадиҳӣ, додани иттилоот доир ба имконияти ҳалли тосудии баҳсҳои ҳуқуқӣ, паҳн намудани иттилооти ҳуқуқӣ тавассути ёрдамчиёни ҷамъиятӣ, баромад намудан тавассути воситаҳои ахбори омма ва навиштани мақолаҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Мусоҳиб Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии муаллиф

Май 19, 2024 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ниҳодҳои масъул барқиянома ирсол намуд, то ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода шаванд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Суғд Рӯзи кормандони милитсияро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок дорад
Дар шаҳри Будваи Черногория масъалаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст
Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ дониста, онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд
Конститутсия омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид
30 соли мавҷудият ва 30 нақши Конститутсия дар пешрафту инкишоф, назму тартибот, амнияту субот ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ
МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ОИНАИ ҚОНУН. Эҳдо ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ УМДАИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ. Он василаи пайванд ва муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст