ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 май, чоршанбе, 136-умин рӯзи соли 2024
15 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфусро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз таъйин ва татбиқи ҳукми қатл баррасӣ шуд.
***
15 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаи рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
***
15 майи соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон сафар намуданд.
***
15 майи соли 2016 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Тоҷикистон ва Италия масоили рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
***
15 майи соли 2018 аввалин автобусҳои шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон вориди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
***
15 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои нави Хонаи ақди никоҳ «Қасри бахт», бинои нави Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи нави истеҳсолии «Ориё — Медикал»-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
15 майи соли 2023 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Корея, Котиби калон оид ба стратегияи оянда Ҷанг Сангминро ба ҳузур пазируфтанд.
15 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи ҷаҳонии оила.
***
Рӯзи ҷаҳонии иқлим.