ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 май, чоршанбе, 143-юмин рӯзи соли 2024

Май 22, 2024 08:00

22 майи соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гертсоггарии Бузурги Люксембург муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.

*** 

Соли 2009  дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

***

 22 майи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, бо бунёди боғу токзори нав аз наздик шинос шуданд. Ноҳияи Хуросон солҳои пеш  бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияти намунавӣ дар ҷумҳурӣ машҳуру овозадор буд.

***

22 майи соли  2014 дар шаҳри Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир, робитаҳои байнипарлумонии ду давлат, инчунин вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардид.

***

22 майи соли 2015  дар шаҳри  Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла робитаҳои байниминтақавии ду давлат  баррасӣ шуд.

***

22 майи соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

22 майи соли 2017 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Подшоҳи ин мамлакат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва сарони якчанд давлати дигар мулоқот намуданд.

***

22 майи соли 2021 Қосим-Жомарт Токаев ва котиби матбуоти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ  назари худро аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон  баён доштанд. «Дар ҷараёни гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо ба мувофиқа расидем, ки роҳро дар самти таҳкими шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон идома бидиҳем». Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар сафҳаи Twitter-и худ хабар додааст.

***

22 майи соли 2022 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии расмии озмоишгоҳи «Иқтисодиёти рақамӣ» доир гардид.

***

22 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд

22 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ.

***

Дар Яман иди миллӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ.

***

Дар Гаити Рӯзи истиқлол ва миннатдорӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Малика Собирова-соли 1942раққосаи балет. Прима-балеринаи Театри академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1961-1982).

Май 22, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш