ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, душанбе, 148-ум рӯзи соли 2024 аст

Май 27, 2024 08:00

27 майи соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, истеҳсолкунандагон, воситаҳои ахбори омма ва  созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он шартнома дар бораи ҳамкории иҷтимоӣ ба имзо расид.

***

27 майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки миллии Швейтсария Жан Пйер Роттро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд. Жан Пйер Ротт изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Швейтсария ба як гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ дохиланд ва пайваста аз манфиатҳои ҳамдигар пуштибонӣ мекунанд.

***

27 майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Ахметовро, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омада буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

***

27 майи соли 2010 аввалин ҳавопаймо аз самти Душанбе ба Бориспол (Фурудгоҳи  байналмилалии Бориспол, Украина) бо 15 мусофир парвоз кард.

***

27 майи соли 2014 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт  ба истиқболи  20-умин  солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

***

27 майи соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн рафтанд.

*** 

Соли 2015  Осоишгоҳи «Зумрад» -и шаҳри Исфара  дар  «Конвенсияи байналмилалӣ оид ба сифат дар соли 2015» иштирок намуда, соҳиби ҷоизаи байналмилалии тиллоии  «Qualitu Summit» гашт. Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Ню-Йорк-и ИМА, ки дар он намояндагони 72 ширкати ҷаҳонӣ иштирок доштанд,  доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016  дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Соли 2020 дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Ҳиндустон 45  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Эйр Индия» аз Деҳлӣ ба Душанбе баргардонида шуданд.

***

27 майи соли 2022 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо дар шаҳри Тошканд сазовори 9 медал гардиданд.

***

27 майи соли 2023  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварданд. Пешвои миллат бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Бобои Алимардон» шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

27 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Нигерия — Рӯзи ҳимояи кӯдакон.

***

Дар Федератсияи Русия – Рӯзи китобдор.

Май 27, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш