Тоҷикистон ва Синзян нақша доранд корхонаҳои муштараки саноатӣ таъсис диҳанд
ДУШАНБЕ, 13.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Урумчӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини Раиси Ҳукумати шаҳри Урумчии Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Сунмей вохӯрии корӣ анҷом дод, ки зимни он масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Баъд аз муаррифии имконияти фаровони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои тиҷорат, иқтисод, саноат, энергетика ва кишоварзӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва протоколи ҷаласаи зеркомиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самтҳои афзалиятнок, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, неругоҳҳои барқи офтобӣ, коркарди маъданҳо, тиҷорати электронӣ, содироти молҳои ватанӣ ба Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Иброз гардид, ки соли 2023 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 24 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз муовини Раиси ҳукумати Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин даъват намуд, ки хонум Сун Хунмей дар чорабинӣ бахшида ба ҷашни 20-солагии кушодашавии гузаргоҳи гумрукиву сарҳадии Қулма-Қаросӯ, ки охири моҳи майи соли 2024 дар ноҳияи Мурғоб ва шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок намояд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон






